Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
хомӯшона аз ҷавон чубуки фаронсавӣро гирифта, ба соҳибаш дод. Блоквил чубукро гирифта, боадабона сар ҳам кард, лекин ин ба назари касе нанамуд, ба ҳар ҳол дар чеҳраи зебою ҷиддии Муҳаммадаваз-палвон чизе мушоҳида нашуд. Ӯ ба ҷавони дигаре, ки дар дасташ таппончаи фаронсавӣ буд, назар афканд, табассум кард ва гуфт: «Ба ин хел ҷавон нисбат ба ин бозичаи зебо шамшер зебандатар аст!» Лекин таппончаро кордор нашуд.
— Полвон-оғо! — ин вақт бо овози гиряолуд гуфт оне, ки аз дасташ чубукро гирифта буд, — Албатта, аз мани камбагал чӣ мерӯяд! Ҳатто ба як чубук арзанда нестам!
Пирамард ҷавоб надод, нигоҳи амиқашро ба ҷавонмард дӯхт ва ӯ хомӯш гардид. Баъд Муҳаммадаваз-полвон алоҳида ба касе нигоҳ накарда, пурсид:
— Чӣ? Ҳеҷ вақт одамро надидаед?
— Ин хелашро не! — овоз баровард касе аз байни издиҳом, аммо мӯйсафеди ҷиддӣ ба тарафе, ки овоз баромад, қадами қатъӣ гузошт, издиҳом ба қафо ҷунбид.
Баъд яке ба тарафи чапу дигаре ба сӯи рост издиҳомро тарк кардан гирифтанд. Кадомеро кораш баромад, дукасаю секаса ҳар кас ҳар сӯ шитофтанд ва оқибат дар назди фаронсавӣ танҳо Муҳаммадаваз-полвон ва ҷавони дар дасташ таппонча, ки ҳоло ҳам шубҳа дошт — таппонча дар дасти ӯ доимист ё не, монданд.
— Ман душмани шумо нестам! — бо ҳарорат ба гап даромад Блоквил ба Муҳаммадаваз-полвон муроҷиат карда. — Бандҳоямро кушоед, таппончаро баргардонед, вай мисли хотира бар ман азиз аст, охир ман душман нестам!
Муҳаммадаваз-полвон забони форсиро намедонист ва суханони фаронсавиро ҷавони таппончадор, ки ба қарибӣ аз асирӣ озод шуда буд, тарҷума кард.
— Хайр, — каме андеша карда, ҷавоб дод Муҳаммадаваз-полвон, — дар суханҳои ту ҳақиқат ҳаст. Лекин охир мо туро ба замини худ нахондаем, ту худат омадӣ, дар дастат ҳамин таппонча, ҳамроҳи форсҳо омадӣ! — чеҳраи ӯ нохост тира шудан гирифт, гӯё касе буғнаш мекард.
Ин дам аз тарафи Марв ба кӯча се савор баромаданд, мобайни рӯн зин ҷасади дар намад печондашудаеро меоварданд. Ва дарҳол дар хонае, ки ба он ҷо савора

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё