Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

— муайян кард Блоквил. Вай дар ҳақиқат Сарӣ-девона буд. Касе аз ваҳм, касе ҳамин хел, ба ҳар ҳол худро аз Сарӣ-девона дигар тараф кашиданд. Блоквил, ки қадам канда наметавонист, дар ҷояш истод. Девона хеле наздик тохта, аспи чӯбинашро қарор дод ва бо диққати зиёд ба рӯи ӯ нигоҳ кардан гирифт. Хост бо чашмони нимкоф нигарад, вале ҳодисаи дар Марв рӯҳдодаро ба ёд оварда, кӯшиш кард, ки оромона нигоҳ кунад. Бо вуҷуди ин тоқат накард, қалавид — ба ҷонтасма дар миёни девона ду қарат море печонда шуда буд. Блоквил даҳони нимкушода, ҳаракатҳои бисёр тезу равони забони морро хеле аз наздик дид. Мор чашм напӯшида ором нафас мегирифт, мисли Сарӣ-девона, ки аз Блоквил чашм намекаид. Ва онҳо ин лаҳза дар сар чӣ фикр доштанд — худо медонад. «Харчи бодо, бод!» қарор дод Блоквил ва ба ҳар ҳол дар интизори пешомади бадтаре тайёр шуд.

Аммо дар ин лаҳза аз хонаи муқобил туркмани солхӯрдае, ки дар китфаш пӯстини наверо партофта буд, сулфакунон берун баромад. Ӯ марди баландболо, тануманде буд, ки риши калон ва пешонаяш васеъ дошт. Беэҳтиётона ба китф партофтани пӯстин хушкоматии ҷавононаи ӯро зоҳир мекард, гарчанде эҳтимол шаст-шасту панҷ сол дошт. Чашмонаш оқилона ва каме хандаомез менигаристанд. Сулфаро шунида, девона хурсандона сӯи мӯйсафед «асп давонд» ва Блоквил нафаси сабуке кашид. Мӯйсафед бошад аз мор натарсид, ба девона ҳарду дасташро дароз карда, бо овози паст ба ӯ чизе гуфт. Сухани пасти мафтункунандаи мӯйсафеди зебо чӣ сеҳре дошт, ки дар асари он чеҳраи рангпаридаи девона шиддати фавқулода ба худ гирифт ва ӯ банохост хурсандона қоҳ-қоҳ хандида, ба куҷое тохта рафт.

Баъди ин одамон дар атрофи фаронсавӣ боз наздиктар шуданд. Яке ба таппончааш даст дароз кард, диққати дигареро чӯбчаи тамокукашӣ ҷалб намуда буд, сеюмӣ бошад тугмаи ялақосиашро тоб медод. Мӯйсафед китф ба ҳам кашида, ба назди онҳо омад ва аз издиҳом худро қафо кашид. Ин Муҳаммадаваз-полвон — амаки бародарон Бердимурод ва Эйзмурод буд. Ӯ хон ё бой набуд, лекин барои адолатпарастию оқилияш дар ин ҷо қариб ҳама ӯро ҳурмат мекарданд. Вай ба маънои он ки ин хелиҳоро бисёр дидаам, ҳам дар Макка, ҳам дар Мадина, ба Блоквил нигоҳи бепарвоёнае партофта,

пешина
аз 328
навбатӣ