Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

гуфта буд, онҳо он қадар аҳмак нестанд». Ва мана Сиёҳсартип дигар нест, шоҳзода Ҳамза Мирзо куҷост, оё ӯ зинда аст, агар зинда бошад, ӯро вохӯрӣ бо шоҳ интизор аст. Блоквил ҳолати бади шоҳзодаро тасаввур мекард.

Хемаҳои рег орому дилбазӣ пуштиҳои тимсоҳмонанди худро қаҷ карда, ҳар тараф лангар зада буданд, шамол регро аз онҳо канда, янтоқро ба ҳар сӯ мегелонд. Блоквил ба пешвози тақдири худ мешитофту ҳайраташ меафзуд: «Наход барои ин регҳои нодаркор сипоҳи бузург аз сарзамини форс ба ин ҷо ду моҳ роҳ паймудаву хуни хешу бегонаро рехта бошад?!»

Ба хонаи Эймурод, ки дар канори деҳаи Гонур воқеъ буд, бегоҳӣ расиданд. Акнун ба ҳар ҳол бояд дастонашро кушоянд, ҳар чӣ ҳам набошад ӯ асири оддӣ нест. Танҳо ӯро савори асп оварданд. Баътар ӯ донист, ки ба туркманҳо қоғази дар Теҳрон, дар сафоратхона маҳфузбуда маълум аст! Дастони ӯро дар ҳақиқат кушоданд, лекин барои он ки пойҳояшро бубанданд. Ин ҳеҷ ҷои хурсанди надошт.

Пиёда шудан замон одамон аз ҳар тараф барои дидани асири мӯйсарзади аҷоиб, ки Эйемуроди ҷавон оварда буд, ҷамъ шудан гирифтанд. Баъди чанде дар атрофи франсуз оқсоқолони бисёре истода буданд. Онҳо бо хомӯшии наҷибона ба асоҳо такя дода, ба ӯ нигоҳ мекарданд. Аз чеҳраҳои сангин ва ботамкини онҳо чизеро хондан мушкил буд. Баръакс, занон, ки каме дуртар истода буданд кӯдаквор ҳай-ҳай менамуданд, бо ангушт он тарафро нишон дода ишора мекарданд. Наврасон таҳқиромез қиқирос зада механдиданд, бачаҳои шӯх сайъ мекарданд, ки шоҳчаи саксавул ӯро сих кунанд ё порчаи саргини хушкро сӯи ӯ партоянд. Калонсолон онҳоро дур мекарданд. Қариб ними деҳа ҷамъ шуда буд: онҳо тамошо мекарданд, ҳайрон мешуданд, хуллас ҳама хушҳол буданд. Ҷуз ӯ. Блоквил меандешид: «Ман ҳозир ба маймуни даруни қафас монандаму туркманҳо бошанд ба одамоне, ки ягон бор дар умрашон маймуни зиндаро надидаанд, — ӯ дӯстони парижии худро ёдовар шуд. — Аҷоиб, агар онҳо ҳозир ҳамаи инро медиданд, чӣ мегуфтанд?!».

Дар ин вақт таёкеро савор шуда, мӯйсафеди логаре, ки ба ҷони риш се мӯякро овезон карда буду чашмони мисли ангишт сӯзон дошт, давида омад. «Девона!»

пешина
аз 328
навбатӣ