Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

-нӯшид, нӯшид, вале ҳеҷ ташнагиашро шикаста намета-вонист, ҳеҷ оташи ботиниаш хомӯш намегардид. Аз об дода чизи ширинтаре магар ҳаст? Чӣ хушбахтист ки вақте, ки аз ташнагӣ ба ҳалокат мерасӣ.

Мӯйсафеди кӯзадор, ки сари ду по нишаста буд, чашм кушодани франсузро дида, фарёд кард:
— Эй, Бердимурод! Бигир ӯро!
— Кадом Бердимурод? — аз мӯйсафед пурсиданд.
— Бердимурод аз Гонур, ӯ ҳаст?
Туркмани ҷавоне наздик омад.
— Бердимурод аз Гонур нест, яшулӣ, вале ман ҳастам — додари ӯ Эйемуроди Гонурӣ.
— Хайр майлаш, агар ту додараш бошӣ, бигир ӯро, арзон нафурӯш, мегӯянд, ки илмҳоро медонад, акнун мисли мулло аст. Муллои фарангӣ. Ӯро фурӯ-шӣ бой мешавӣ.
— Яшулӣ, ман медонам, ки ин муллои Фарангӣ аст, лекин ягон форси бесаводро медодед беҳтар буд, аз ин бой шуда, ҳатто то авул ӯро бурда наметавонам, базӯр нафас мекашад.
— Чизе, ки медиҳанд бигир! — гуфт мӯйсафеди тақсимотчӣ. — Бурдан бошад, мебарӣ, ин ҳамин хел дар назар нимҷон метобад, чӣ қадар ӯро заданд, боз бубин! Бурда метавонӣ?
Эйемуроди Гонурӣ бо шубҳа сар ҷунбонд, лекин бо яшулӣ баҳс кардан нахост.
Блоквилро болои зин шинонда, Эйемурод дид, ки бастан даркор нест, худаш дар зин истода метавонад — — ин аллакай хуб буд. Франсуз симои воҳиманоке дошт: лабонаш кафида, таги чашмонаш варам, каб-кабуд шуда, хун бо гард якҷоя дар сараш карахт баста буд. Аз дигар тараф худаш гунаҳкор. Ту асир ҳастӣ! Барои ин туро куштан кам аст! Ба ҳар ҳол... чилавро ба ӯ дода, Эйемурод оҳе кашид ва ни-гоҳашро пинҳон карда, аз дил гузаронид: «Хуб соз карданд!»
Аз Марв баромаданд. Ба деҳаи Гонур ба ғайр аз Блоквил гурӯҳеро, ки иборат аз бист нафар буд, ме-бурданд. Аз назди онҳо гузашта, Блоквил гуфт:
— Аҷоиб, барои чӣ ҳамаи моро ба гурӯҳҳои хурд ҷудо карда, ҳар тараф мебаранд?
— Чӣ хел барои чӣ? — ҷавоб доданд ба ӯ — наме-хоҳанд, ки мо якҷо бошем, ташвиш камтар мешавад.
«Фаҳмо, — фикр кард Блоквил, — чӣ хеле ки Сиёҳсартип

пешина
аз 328
навбатӣ