Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
фиғон сар дод, почаҳояшро ба ҳаво мебардошт. Ва он тарафашро Блоквил дар ёд надорад: бо чизи вазнине аз қафо ба сараш фуроварданд, ӯ рӯяшро бо дастонаш пӯшонда парӯ афтид. Ӯ дар ҳолате, ки аз зарбаҳо беҳуш мешуд, лекин тамоман не, ҳис мекард, гӯё аз дур бошад, ки бо таёқ ё қамчин ё бо лагад мезаданд. Ва боз ҳар лаҳза интизор буд: кай тамом мешавад.
Ин ҷо хотирнишон кардан даркор, ки амалиёти чӣ ҳаку чӣ ноҳақ, ки ин лаҳзаи бераҳмона вобаста ба он сурат мегирифт, дар майдони туманолуди фаронсавӣ ба таври ким-чӣ хел даркнашаванда ҳамаи ин юриш, дурустараш иғвои ҳарбиро, ки дар он ӯ ҳам сабукфикрона ба мақсади бойшавӣ ҳамроҳ шудааст, нишон медод. Иштироки ӯ низ мисли ин лаҳза ҳамин хел дурусту нодуруст буд ва дараҷаи гуноҳаш акнун бештар намоён мешуд. Ба воситаи ин шаллоқхӯрӣ, ки акнун тоб овардан даркор. Вале ҳоло ки мезаданд, аламовар, бениҳоят аламовар буд. Ва хурсандиовар ҳам буд, ки ин азоб воситаи гуноҳро харидан аст ва дар натиҷаи ин шаллоқхӯрӣ оҳиста-оҳиста гуноҳ кам мешавад ва мана қариб тамом шуд... онҳо ин қадар бисёр мезананд... Мана, акнун мадори дигар нест, боз як зарбаи таёқ ва сутунмӯҳра токат нахоҳад кард ё ягон ҳодисаи дигари даҳшатнок рӯй хоҳад дод. Айнан дар ҳамин лаҳза заданро бас карданд. Блоквил нағз дар ёд дорад худи дар ҳамон лаҳзаеро, ки тайёр буд дод бизанад: «Бас аст, раҳм кунед, охир шумо одамед-ку!» Дар ин вақт заданро бас карданд ва ӯ дарҳол аз ҳуш рафт.
Вақте ки ба худ омад, нолиш карда, кӯшиши ҷунбидан намуд, каме чашм кушод, бегоҳӣ буд, қаторҳои камшудаи асиронро дид. Офтоб фурӯ рафта буд, дар атроф давугечи бочадал давом дошт, танҳо Блоквил чӣ хеле ки байни хоку чанги майдон дароз кашида буд, ҳамон ҳолатро дошт. Лабҳояш варамида, хун парсин баста буд. Блоквил овози хиррие баровард: «Об!» Касе ба ӯ ҷавоб надод, ин бераҳмӣ набуд — ӯ инро мефаҳмид, бегоҳӣ ором буд, гарчанде дар чеҳраи одамон ҷидду ҷаҳд бошад ҳам, умуман кушода менамуд ва ин бетарафии навозишкоронаи ҳастӣ аз ҳама беш тааҷҷубовар буд. Ва он аламовар аст, ки ҳамаи бетарафӣ ҳамоҳангӣ бетарафии худи ӯст. Ҳамааш аз рӯи адл сурат мегирифт. Лекин ӯ аз задан ниммурда шудааст, аз ташнагӣ мемурад: «Об!».
Ин маҳал кӯзаи оби хунук ба лабҳои ӯ расид, ӯ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё