Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
паси пушт карда, ин тарафу он тараф гаштан гирифт. Дар ин вақт Блоквилро дид.
— Ҳа! — барои он, ки боз халқи ҷамъомадаро хушнуд кардан мумкин аст, хурсанд шуд ӯ, — Ин боз аз куҷост? Афташ-ку ба форс монанд нест.
— Ин ҳам аз ҳамонҳоест, ки асир гирифтӣ! — аз байни издиҳом хандида ҷавоб доданд.
— Эҳ, бародар, — сохтакорона оҳ кашид туркмани пакана, — ин хел мисли саги тозӣ туллакардаю қоҳидагиҳоро ман фирефта нашуда, ангуштамро ҳам намерасондам, ки онҳоро ба асирӣ гирам.
— Хайр, албатта, — аз издиҳом фарёд бароварданд, ту охир он пуркувватҳоеро, мисли ин, ки бандатро канд, асир мегирӣ!
— Ҳа, банд ҳамин хел пӯсидагӣ буд, — гуфт туркмани пакана ва ба Блоквил наздик шуда, аз боло то поёни ӯро бо диққат нигоҳ кард. Ӯ ба француз маъқул нашуд — дар ӯ ким-чӣ хел ҳам тарсончакию ҳам бераҳмиро якҷоя дид. Аз афташ мисли бисёр одамони пакана ӯ бисёр ҳам ранҷинда буд. Вақте ки асир ресмонро канд, ҳамин хел ӯро тарсонд ва паст зад, ки то ҳол дилаш таҳ мекашид. Гарчанде ӯ табассум мекард, фақат рухсораҳои сурхшудааш таҳти дили ӯро нишон медоданд. Ва мана, чашмонашро нимкоф карда, акнун ӯ ба француз менигарист ва тахмин мекард, ки чӣ хел ҳам издиҳомро хушҳол кунаду ҳам барои ранҷиш қасос гирад. Блоквил ҳам ҳамаи инро мефаҳмид ва ягон хел нохуширо интизор буд. Лекин туркмани пакана худаш алҳол намедонист, ки чӣ чиз фикр карда барорад, дар айни ҳол барои оғоз чашмонашро ало карда, дандонҳояшро ба ҳам совид, бинии хурдашро инч кард. Ва дар ҳамин намуд нӯг-нӯги по аз пеши француз гузашт. Ӯ бошад барои он ки нахандад, рӯяшро гардонд. Ин лаҳза туркмани пакана хеле наздик омад, дастонашро ба камар бурда, асири қоматбаландро сар то по тамошо кардан гирифт. Блоквил сарашро боло карда, чашм ба осмони беғубор дӯхт, то туркмани паканаи хандаоварро набинад. Ӯ бошад баногоҳ бо ангушти ишорати фуки францусро аз поён зер кард. Гӯё мехост ки сари ӯро болотар бардорад. Лекин ангушташ хӯй хурда, сахт ба бинӣ расид, шикофии биниро харошид. Бинӣ сахт ба сӯзиш даромад, аз чашмаш об ҷорӣ шуд ва худдорӣ накарда, Блоквил ба шиками туркмани пакана лагаде фуровард. Ӯ дарҳол афтода, имдодкорона

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё