Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Пас ман озод мешавам?
— Албатта, албатта, ту дуруст фаҳмидӣ!
— Вале... вале барои ин кори наҷиб нархи бист ғуломро додан ҳам ҳайф нест хусусан вақте ки нархи даҳ ғуломро мепурсанд.
Мӯйлабдор бо қаҳр даст афшонда, аз назди ӯ рафт. Лекин дарҳол харидори дигаре пеш омад — савдогар аз Хева.
Оре, Блоквил ғуломи ғайриоддӣ буд! Ва охири охирон яшулиҳои ришҳошон мошу биринҷ аз даҳани Гонур қарор доданд, ки аз ӯ ҷудо нашаванд, маълум ки кор ҷиддӣ аст ва арзон кардани ӯ камоли кӯтоҳназарӣ мебуд. Баъд худатро канда хурӣ ҳам дигар фоида надорад. Ва бародарон маслиҳат доданд, ки тезтар ба хона баргарданд ва ба худи Теҳрон, ки он ҷо коғази махфӣ аз пушти ҳафт қулф пинҳон аст, алоқа банданд, баъд ба ивази асир он чиро, ки арзанда аст, одилона аз худ кунанд. Не, худо шоҳид, ки онҳо ягон тинӣ зиёдатӣ намехостанд. Арзон фурӯхтан бошад таассуфовар буд. Охир онҳо бой нестанд, ки арзон фурӯшанд, аммо вай чанд меистад — даҳ ё бист ғулом, бе коғаз кӣ медонад? Хулас, ба қарори одилона омаданд — фурӯхтан лозим нест. Ва аз ин қарор мамнун бозгаштанд.
Бозорро тарк кардаистода, Блоквил шоҳиди лаҳзаи аҷибе гардид, ки ӯро аз дилу ҷон таъсир кард ва дар ӯ роҷеъ ба фурӯши даҳшатовари одамони зинда фикрҳои ғамангезе ҳам ба вуҷуд овард. Марде бо пиразан ба назди оқсоқолон як ҷавони асирро оварданд. Мард мехост ӯро фурӯшад, пиразан бошад розӣ намешуд.
— Ман туро медонам, Болчи-эҷе, — ҳалимона ба ӯ муроҷиат кард яке аз оқсоқолон, — ту на чорво дорию на замин. Ғулом ба ту чӣ лозим?
— Бечораро бурда мефурӯшанд, модараш бошад тамоман кӯр будааст, ӯ барои он ба ҷанг рафтааст, ки модарашро хӯронад. Ва баъд... мо чи қадар рӯз нону намакро бо ҳам дилем, ҳайр, рост аст, ки ман чорвою замин надорам, лекин ӯро нигоҳ медорам, ҳамин хел, мумкин баъд ҳама хуб шаваду ба пеши модари кӯраш баргардад. Бечора, ба ҳабдах ҳам надаромадааст.
— Бечора! Лекин бо ханҷар ба ин ҷо омад!
— Шояд ӯ ханҷар дошт, лекин онро ба сари одам бардошта наметавонист, инро ман — Болчин кампир ба шумо мегӯям! Аз барои худо ӯро ба ман ба фарзандӣ бидиҳед, ман касе надорам, ман пулашро медиҳам, медихам,—

пешина
аз 328
навбатӣ