Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Он ҳатто тарс ҳам не, ким-чӣ хел залилии ҳайвонию азобдиҳанда буд — мана дар айни нерӯ вақте, ки бояд зиндагӣ ва зиндагӣ кунанд ҳамин хел мемуранд, ба турбат табдил меёбанд. «Душизаи муқаддас Мария, худ ба худ пичиррос зад. — Охир ман ба ин ҷо тамоман бо мақсадҳои дигар омада будам, ту охир медонӣ, мехостам устухонай... тамоман хурд дошта бошам... гул парвариш намоям...» Ӯ оҳиста фик-фиккунон ба гиря даромад, аз чашмонаш ашк ҷорӣ шуд...

Дар майдони васеи Марв, ки ба он ҷо ҳамаи асиронро бурда буданд, онҳоро ба гурӯҳҳои начандон калони иборат аз бистнафарӣ, синафарӣ ҷудо карда, ба авулҳо тақсим карданд. Ин хел онҳоро то бозори калон, ки барвақтар аз якуним моҳ ҷамъ намешуд, хӯрондан осонтар буд. Дар гурӯҳҳои хурд шикаст додан ҳам онҳоро нисбатан бехатару ташвишаш камтар аст.

Блоквил бо забони туркманӣ қариб, ки чизеро намефаҳмид, лекин бо завқ ҳамаи он чиро, ки дар атроф рӯҳ медод назора мекард. Оқсақолони иззатманд бо сару рӯи аракшор меҳнат мекарданд — халқ ба онҳо амри муҳиме — тақсимоти асиронро ба авулу қабилаҳо бовар карда буд. Мӯйсафеди тақсимкунанда касеро аз қабилан сариқҳо, текехову салорҳо ё кадом дигар, ки дар ҷанг иштирок карда буд, чез зада, шумораи аниқи асиронро барои вай ҷудо мекард. Тақсимот кори чилдие буд. Охир на танҳо сармояи оянда дар натиҷаи фурӯши асирон дар бозори ғуломфурӯшӣ ва беҳбудии минбаъдаи зиндагӣ буд, балки ҳамчунин эътирофи умумихалқии хизмати ин қабила дар ҷанги хунхор бо душманон, эътирофи хизматҳои шахсии онҳо, мардоначагӣ ва муҳаббаташон нисбат ба Туркманистони ситамдида буд.

Аз ин сабаб ҳама бо диққати зиёд тақсимоти асиронро назорат мекарданд. Ба он касе, ки тақсим мекард, вазифаи душворе афтида буд. Тезтар муайян кардан даркор буд, ки ин ё он қабила чӣ қадар асир гирифт, чӣ қадар дар ҷангҳо кушт, чӣ қадар бародарони худро аз даст дод, дар регзори қабул, дар хоначаҳои лоин, паси намадҳои дарида чӣ қадар беваю сағира мондааст. Хуллас, оқсақоли ришсафед ин қадар боварии халкро соҳиб гардида, дар ҳақиқат меҳнати аракрез мекард. Ва аз афташ маълум буд, ки одилона тақсим мекунад; ба ҳар ҳол Блоквил, ки наздик буд, норозигии ҷиддиро намедид. Албатта, ҷанҷолҳои хурд, баҳсҳои

пешина
аз 328
навбатӣ