Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

пурҷӯшу хурӯш буданд; асирони ҷудокардашударо гирифта, намояндаи қабила хурдагирона онҳоро аз назар гузаронд, бо гурӯҳи ҳамсоя муқоиса кард, гоҳе гумон мекард, ки аз ӯ бадтаранд — харобтару бадкавоканду камқувват, дар муқоиса нисбат ба қабилаи ҳамсоя беҳтар нестанд. Хулоса, ғалоғула, додзанӣ, ҷанҷолҳо тамоми рӯз поён наёфтанд. Албатта, бе масхарабозӣ ҳам набуд, ҳаёт ҳамин хел будааст — дар куҷое, ки ашк бошад, он ҷо ханда ҳам ҳаст.

Ду асир ба ҳам часпида ҷанг карданд; маълум гардид, ки яке аз дигарӣ якчанд тангаи майдаро дуздида будааст. Вақте ки онҳоро бо хандаю истеҳзо ҷудо карданд, маълум шуд, ки соҳиби тангаҳо онҳоро дар яке аз овулҳо аз туркмани камбағал кашида гирифта будааст.

Дар ин вақт дар майдон ҷуфти аҷоибе пайдо шуд: туркмани қадпасту бемадоре форси азимҷуссаеро аз бандаш дошта, аз ақиби худ мебурд. Албатта, асиронро асосан шахсони барои ҳама соҳибэҳтиром одилона тақсим мекарданд. Лекин касоне низ мисли ин туркмани майдаҳақ буданд, ки дар куҷое худашон асирро даст гирифта бошанд, ҳамон хел, мисли гӯсфанд ба воситаи банд кашола мекарданд. Агар ин гуна фарқият дар қаду қувват намешуд, аз эҳтимол дур буд, ки касе дар ин рӯзи саросемагӣ ба онҳо аҳамият диҳад. Туркмани пакана бошад, боз бо созии борнкаш банохост дод зад;

— Мардум! Бигузор ҳар кас ҳамон ғуломонро гиранд, ки худашон қапидаанд! Ба ман, масалан, ғайри ин ягон каси дигар лозим нест,— ва туркмани пакана бандро силтав карда, форси бузургҷуссаро каме аз ҷояш ҷунбонд,— ва агар ман ягон вақт ӯро фурӯшам ҳам, барои ӯ нархи панҷ ғуломро талаб мекунам, аз ин кам не! Агар кор кардан фармоям, пас ӯ ба ҷои даҳ кас шудгор хоҳад кард. Бигузор ҳар кас ғуломи худро гирад, эй мардум!

Ин суханонро шунида мӯйсафеди тақсимотчӣ хандид. Блоквил ҳам табассум кард. Гарчанде барои ӯ ҷои табассум набуд. Ӯ асири қоматбаландро шинохт. Вай аз муҳофизони шоҳзода буд, ба ӯ раҳмаш омад, охир тақдири онҳо якхела буд: асорат, бозори ғуломфурӯшӣ, баъд номаълум куҷо. Табассуми ӯ бошад барои он буд, ки мана ҳамин хел форси азимҷуссаи сиёҳбурут маҷбур

пешина
аз 328
навбатӣ