Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ёфт. Ҳақиқатан ҳам навкарҳо ҷо-ҷо кӯшиш карда, ба ҳар ҳол муқобилате нишон медоданд, лекин маълум буд, ки ин кори онҳо дигар бефоида аст. Дар қафои онҳо ботлоқи шӯрзамин воқеъ буд. Блоквил ҳамроҳи ҳама ақиб менишаст, шоҳзода ӯро аз ёдаш баровард ва маълум буд, ки ин дафъа фаронсавии бечора халосӣ намеёбад. Блоквил беихтиёрона фикр мекард, ки чӣ хел агар лозим биояд бифаҳмонад, ки ӯ форс нест, ки ӯ ин ҷо тамоман бо мақсади дигар, осоишта омадааст, ягон туркманро накуштааст ва баръакс... Лекин аллакай сӯи ӯ туркмани бадҳайбате асп тозонда хушҳолона дандонҳояшро нишон дод ва шамшерро ғиҷирсонон аз ғилоф сахт кашид. Блоквил ким-чӣ хел фарёд бароварда, аспро ким-куҷо давонд, хост таппончаро ба даст гирад, лекин аспи ӯ аз болои чӯбор парида, пешпо хӯрд ва Блоквил аз болои гардани асп парида, бо сараш ба ботлоқи шӯрзамин афтид «Фурӯ меравам!» — ноумедона фикр кард ӯ. Лекин дар ин лаҳза дасти пурқуввате ӯро аз коми ботлок кашид. Қариб ки муқобилат накарда, гузошт, ки дастонашро банданд; «А-а, бигузор, чизе ки насиб кунад...»

Боз форсҳо алоҳидаро дар туғайзорони анбӯҳ думболагир карда, меқапиданд мебастанд, асиронро дар гурӯҳҳо ҷамъ мекарданд. Аксарият бе муқобилат таслим мешуданд, милтику шамшерҳоро дар ғарам мепартофтанд ва худашон дастонашонро зери банд мегузоштанд.

Блоквил бо дастони баста аз пушти туркмани чорпаҳлу дар асп нишаста, аз миёни талҳон маъюсӣ мерафт. Ба назари Блоквил онҳо дардманд буданд, гарчанде механдиданд. Ӯ туркманҳои ҳалокшударо низ дид, ки аз наздики ӯ одамон онҳоро бо чеҳраи пургаму андӯҳ ва чун ин биёҳон хушк мебурданд. Ва аз сари нав Огулчерени ҷавон ва садҳо ҳамни хелҳоро, ки истилогарони таҳқиру поймол кардаанд, ба ёд овард. Не, не, қатл барои ҳамаи он чӣ ки форсҳо бо худ оварданд, одилона хоҳад буд. Ва франсуз Блоквил ҳамроҳи онҳо. Ӯ ба ботини худ назар афканда, ин се моҳи охирро дар замини бегона ба хотир овард ва ҳамин хел қарор дод. Ва якбора воҳима ӯро зер кард. Дилаш чун дили харгӯш сахт тапидан гирифт, пушташро арақи сард пӯшонд ва дар ин лаҳза фикри сӯзоне ба сараш зад; «Охир онҳо — ҳамаи онҳое, ки ҳозир аз паҳлӯи мо дар болои замбар мебарандашон, мумкин аст пеш аз марг мисли ман ҳамин даҳшатро аз сар гузаронда бошанд».

пешина
аз 328
навбатӣ