Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
нигоҳ дор, хубтар нигоҳ дор! Яке аз онҳо Тоҷғоксардор, дигараш Нурисағира, саввумаш Кавшутхон, хайр чорумаш бошад мана — худам.
— Кавшутхон? — ба андеша рафта, аз нав пурсид шоҳзода.— Мана кӣ будааст... Кавшутхон,— шоҳзода хаёломез номи сарфармондеҳи ҳамаи қӯшунҳои туркманхоро такрор кард.— Медонӣ, туркман, ман туро афв мекунам... лекин барои ин туро лозим аст, ки ба назди хони худ биравӣ ва амри моро расонӣ.
— Чӣ хел амр?
— Ҳамаи яроқу аслиҳа ва аспхоро супоридан...
— Беяроқу беасп мондан?
— Агар аз сарат ҷудо шудан нахоҳӣ,— мулоим ва захромез сухани ӯро бурид шоҳзода,— вагар сари хонатро дӯст дорӣ, туро лозим аст, ки фармонро бирасонӣ.
— Вале сари Кавшутхон, чӣ хеле ки ҳозир дидед, дар гарданаш мустаҳкам аст, ӯ худаш ба назди шумо омад ва шумо бо ӯ ҳеҷ кор карда натавонистед! Мана чӣ хел аст Кавшутхони мо! Ӯ дар дунё хони аз ҳама болост!
— Шумо, туркманҳо, чорводоред,— хилагарона гуфт шоҳзода,— шумо то ҳол хонҳои ҳақиқиро намедонед, лекин онҳоро хоҳед дид..., вақте ки каллаҳои шумо аз дами шамшери мо ғелидан гиранд.
— Касеро, ки бар ивази сари худ сари як душманро намебуррад, ӯ инсон нест!
Далерии асир интиҳо надошт, маълум буд, ки ӯро бо сухан мағлуб карда намешавад ва шоҳзода аламашро фурӯ бурда, дасташро афшонд: гӯё бо ӯ чӣ коре, ки мехоҳед кардан гиред ва худаш сӯи хиргоҳаш рафт.
Гуфтугӯ ӯро дилгир карда буд ва ҳатто каме баландтар баромадан ба сӯи хиргоҳ оташинмаш кард. Аз назди Сиёҳсартип гузашта, шоҳзода хам шуда, бо табассум ба гӯши ӯ суханҳои даҳшатноке гуфт: «Туро бошад, барои ин кор ба думи аспҳо бастан даркор ва...» ва гапашро анҷом надода, бадқаҳрона даст афшонда, ба мисли оне, ки ба рӯи генерали аз тарс ларзон хун мепошида бошад, ҳаворо бо атласи сурх бурид. Ва дигар ба қафо нигоҳ накарда, ба тарафи хиргоҳ қалам зад.
Лекин ин дафъа аз шунидани ин ҷазои даҳшатангез забони Сиёҳсартип лаҳзае гӯё канда шуд, пойҳояш дар замин мех шуданд, пеши чашмонашро бошад, тумани ба атласи сурх монанд гирифта буд. Мана, он туркман истодааст, Сиёҳсартип бадур атрофро дарк кардан гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё