Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
Ва дар ин вақт ӯ гунаҳкори ҳамаи ин даҳшати гӯшношунидро дид. Ӯ оромона дар назди онҳо истода буд ва гӯё табассум ҳам мекард, гӯё ҳамон он чиро ки шоҳзода бо табассуми мулоим ба генерали худ ваъда карда буд, шунида бошад. «Хайр, пеш аз ҳама туро ба думи аспҳо баста мекашам!». Ва Сиёҳтартип бо овози воҳиманок дод зад, ки тезтар бандҳои мустаҳкам ва аспҳоро биёранд. Ва аспҳо боқувват бошанд! Худаш бетоқатона ба бастани маҳбус ба думи он аспҳои бузургҷусса пардохт. Баъд ба худ омад — охир ӯ генерал аст, бандҳоро партофта, ҳақорат дод, бо қамчин амр намуда, хизматгоронро ҳадаҳа кард.
Ва мана, пойҳои Кулхон Қапалаи бадбахтро ба ду асп бастанд, якбора қамчин заданд ва онҳо ба ҳар тараф чаҳиданд. Аз тамошои ин бераҳмии даҳшатнок ва мардонагии инсонӣ мӯи сари Блоквил рост ва ақли ӯ тира шуда буд. Пойҳояш дигар ба ӯ итоат намекарданд. Франсуз худро дошта натавониста, ба рӯи замини бегонаи серсангу аз тобиши бераҳмонаи офтоб сӯхтагӣ афтод.
Се рӯз баъд аз ин ҳодиса Сиёҳсартип шаш туркманро асир гирифт. Қатл кардани онҳо маъние надошт. Охир, мувофиқи ҳисоботи ӯ қариб дусад форс ҳоло дар асорати туркманҳо буданд. Ва Сиёҳсартип умед дошт, ки ин шаш нафарро ба одамони худаш иваз мекунад.
Асиронро намезаданд, ҳатто ҳақорат ҳам намедоданд, лекин беҳтар буд, ки онҳоро дарҳол қатл мекарданд. Сиёҳсартип «намоишномаи шоҳона»-и худро фикр карда баровард. Бо фармони ӯ сару ришу мӯйлаби онҳоро бо покуи кунд тарошиданд. Чунон тарошиданд, ки он бадбахтон чӣ хел тоб оварданд, худо медонад. Пас аз ин ҳамаи онҳоро бо як банд баста, дар соҳили баланди Мурғоб, дар ҷои аз ҳама офтобрас шинонданд. Дар шӯразамине, то ки нағзтар бисӯзанд!
Блоквил, ҷуз онраи чӯпони бадбахт дигар аз наздик туркманҳоро надида буд. Дар байни сарбозон мақоле буд: «Агар бо ту туркман ва аждаҳои бадҳашм пеш оянд, аввал туркманро бикуш!» Дар Теҳрон худаш шунида буд, ки чӣ хел модарони форс кӯдакони худро метарсонданд: «Хоб кун, ки туркман меояд!». Аз ҳама ҷиҳат туркманҳоро одамони пастнавъи дуюм меҳисобиданд.
Блоквил қарор дод, ки онҳоро хубтар бубинад. Ӯ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё