Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
кунад. Дар атроф хомӯшӣ ҳукмрон шуд ва шунидан мумкин буд, ки сарбози ҷасур чӣ хел нафаси чуқур мекашад, аспи пояш шикаста ҳам танҳо нолиши ҳазине мекард.
— Ту чӣ ном дорӣ? — пурсид шоҳзода.
— Кулхон Капала.
— Дар ин дунё рӯшан зистан мехоҳӣ?
— Туркмани шамшербадаст барои ҳамин ба ин ҷо омад, — ӯ хастаҷолона шамшерро бардошт, — барои он ки туркман дар ин дунёи рӯшан бисёр зистан мехоҳад!
— Ин хел бошад шамшератро бидеҳ. — ва шоҳзода аз ҷо начунбида, дасташро дароз кард.
— Шамшерро фақат ҳамроҳи дастам медиҳам.
— Чӣ хел одами ҷасур, — ба гӯши Сиёҳ-сартип пичиррос зад Блоквил.
— Душмани далерро мурданаш хуб аст! — гур-гур кард генерал дар ҷавоб ва ба сарбозон ишора кард.
Онҳо ба овардани буттаҳои хушкидаи салма, сиркана ва саксавул сар карда, онҳоро дар атрофи ҷасурмард тал заданд ва чанд ҷо оташ сар доданд. «Ҳозир мо туро катрон мемолем! — дағалона хандид Сиёҳ-сартип. — Аз дасти мо намегурезӣ!» Дуди сиёҳ фағона зад, шунида мешуд, ки чӣ хел аз таъсири дуд асп вазнин ҳиррос мезанад ва чӣ хел Кулхон Капалаи ҷасур душмани худро лаънат мехонд. Ва бо вуҷуди ин баҳодур токат наовард, дар ҷанг мурданро нисбат ба оне, ки аз дуд нафастанг шавад, авлотар дониста, ба берун ҷаҳид, шамшери содиқашро алвонҷ додан гирифт. Лекин дар ғафсии дуд чизеро намедид, ҳаракатҳои шамшераш ҳавоӣ буданд, ӯро банд кардан осон буд.
— Хайр, — писханд зад Сиёҳ-сартип, вақте ки диловармарди дасту пояш бастаро назди ӯ оварданд, — акнун гап мезанӣ?
Кулхон Капала ҷавоб надода, ба хараи сӯзон нигоҳ кард ва маҳзунона сар ҷунбонд.
— Аспро наҷот диҳед, — гуфт ӯ, — баъд гап мезанам.
Хараи сӯзонро дур кашида, аспро озод карданд, Кулхон Капаларо бошад, назди шоҳзода бурданд.
— Шарикони ту киҳо буданд? — пурсид шоҳзода.
— Шарикони ман — туркманҳои озод.
— Инашро медонем, — шоҳзода писханд зада ба худ илова кард: «алҳол озод», — лек номҳояшонро, ман номҳояшонро донистан мехоҳам! То дар хотир нигоҳ дорам!
— Ин хел бошад майлаш, — хандид маҳбус, — дар хотир

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё