Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
бо ангушташ он чор нафари бебокро, ки торафт дур мешуданд, нишон дод.
— Ҷанобам! Посбонон дар ғафлат мондаанд...— берабт ғур-ғур кард Сиёҳ-сартип, — худатон медонед, ки мо аз ғарб интизор будем, онҳо бошанд аз ҷануб зада даромадаанд... — Ҳамагӣ се-чор нафар ким-чӣ хел туркман.
— Ким-чӣ хел! — бонг зад шоҳзода, остини васеи қабои атласаро алвонҷ дода.
Сиёҳ-сартип ларзид, ба назараш чунин намуд, ки шоҳзода ӯро хафа кардан мехоҳад, пушташро арақ пахш кард, пойҳояш бошанд сустӣ оварданд. Лекин дар ҳамин ҳолат аспи яке аз далерон нохост пешпо хӯрда, ба замин зад ва савора аз болояш афтид. Он се каси дигар бошанд, бадбахтиро ҳис накарда, урдугоҳро бурида гузаштанд ва фаврӣ ғайб заданд. Гӯё онҳо тамоман ин ҷо набуданд. Шоҳзода нигоҳи вазнинашро ба генерал дӯхта, сар ҷунбонда, лекин чизе нагуфт. Ӯ домони қабояшро бардошта, аз тал ба поён, сӯи ҳамон ҷое шитофт, ки он ҷасурмардро сарбозони ӯ не, гӯё тилисм нигоҳ дошт. Сиёҳ-сартип мисли маъюб аз қафои шоҳзода кашола шуд.
Шахсе, ки ду қадам то халосӣ ба ҳукми тасодуф барор накард ва ин таассуфовар буд, қариб шаст сол дошт, лекин дар риши сиёҳаш акнун сафедӣ пайдо мешуд. Ӯ баландболо буд ва ҷуссаи вазнин дошт, бовар кардан душвор буд, ки чӣ хел ба осонӣ шамшерро бозӣ доронда, дар атроф маргу даҳшатро паҳн мекард. Лекин маҳз ҳамин хел буд. Блоквил низ шоҳид. Ҳозир ҳам ин туркмани паҳлавон аз ғояти қаҳр дар атрофи аспи сарнагуншуда чарх зада, шамшерро алвонҷ медод ва ягон касро наздик омадан намемонд. Ин хел одамро зинда гирифтан аз рӯи ақл буд. Давраи ҳамлаварон дар атрофи ӯ гоҳ танг мешуду гоҳ онҳоро бо шамшери содиқаш мегурезонд. Вай аллакай бисёрихоро захмӣ карда буд. Вақте ки шоҳзода ва се қадам дуртар аз ӯ Сиёҳсартипи ваҳшатзада омада қарор гирифтанд захмиён ба оҳанги шикоят нолиш мекарданд.
Туркман дар ин ҳангом дар миёнаи давра ба шамшери вазнин такя карда меистод. Ӯ хаста шуда, чуқур нафас мекашид, арак жолавор аз рӯяш мешорид, лекин чашмонаш чун пештара бебокона медурахшиданд.
Акнун Сиёҳ-сартип тайёр буд барои тамоми таҳқиру даҳшате, ки ба ӯ оварда буданд, туркманро пора-пора

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё