Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
назди худи хиргоҳи шоҳзода давид. Ҳа, ҳа, чашми ӯ хато накарда буд — ин хоббинӣ набуд! Чор нафар ба қӯшуни бисёрнафара дарафтада, одамони моту маҳбутшударо гӯё дарав мекарданд. Гӯё дар муқобили чунин шуҷоати бурун аз тасаввури инсонӣ чоркаса ба сипоҳи бузург ҳамла кардан, ки ба чизе монанд набуд — ҳамаро ваҳшат зер карда буд. Ва Блоквил ҳам гӯё гирифтори ҷодуи ин манзара шуда буд:
Танҳо нидоҳои «Ё оллоҳ!» ба гӯш мерасид: «Ё оллоҳ!» — ин нидое буд, ки бо он диловарон душманони худро аз по меғалтонданду мирандагон дар ҳоли назъ ба забон меоварданд. «Ё оллоҳ!» — ҳитоб кард Сиёҳ-сартип, ки ин ҷо пайдо шуда буд. Сӯрохиҳои бинии ӯ васеъ, мӯйлабҳояш сиҳ шуда, дар чашмонаш оташи хашм медурахшид, дастони вазнинаш фишурдаю кушода мешуданд, ҷанговари пир бо ҳаяҷон такрор мекард:
— Бисёр хуб! Мана зарба! Ба ҷонаш. Оҳ, чӣ хел зарба — то зин расид! Эҳ-эҳ!
Агар ҳозир ӯ асп медошт, ба онҳо нишон медод! Ҳамин хол баногоҳ савораҳо самтро дигар карда, тез ҷониби ҷанубу ғарб шитофтанд. Ба назар чунин мерасид, ки ба ҳадафи худ расидаанд — бо найзаҳои худ ба сайр баромада, хушҳол карданд, душманони худро ба даҳшату ваҳшат андохта, чӣ хеле ки омада буданд бе ҷазо ба назди одамони худ, ба регзор мешитофтанд. Рафтанд! Тани ягонтоаш харош ҳам наёфт! Аспони асили ахалтекгинӣ гӯё онҳоро савори болҳо бурданд! Ин манзараи афсонавие буд. Сиёҳ-сартип дар ҳаёти тӯлонияш, ки дар ҷангу муҳорибаҳо гузашта буд, чунин ҳодисаро аввалин бор медид! Ӯ ташнаи вохӯрӣ бо чунин шамшерзанон буд ва бояд як умр орзуи озмудани қувваашро бо чунин баҳодурон мекард, ӯ аз қафои онҳо даст афшонда, гӯё ба назди худ мехонд ва ҳамоно такрор мекард:
— Бисёр нағз! Чӣ хел зебо!
Дар ин вақт аз пушт овозе баланд шуд:
— Боз чӣ рӯй дод? — шоҳзода Ҳамза Мирзо баъди хоб ҳамёза кашида, аз шунидани ғалоғула аз хиргоҳаш берун баромад.
— Ассалому алайкум! — дарҳол ба таъзим дуқат шуд Сиёҳ-сартип ва овозаш ҳам якбора ширину нозук гардид.— Ассалому алайкум, ҷаноби шоҳзода.
— Не, ман мепурсам, ки чӣ гап шуд, генерал? — шоҳзода

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё