Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
лаҳзаҳои ногувореро аз сар мегузаронд. Пилки чашми чапи шоҳзода аз қаҳр ба паридан даромад, дар назди франсуз, ки ҳар саҳар ба шоҳзода дарси забони фаронсавӣ медод, худро дошта натавонист. Ӯ бо табассуми турш китфонашро ба ҳам кашид.
— Туркманҳо-ку аз тӯп тир парронда наметавонанд, онҳоро чӣ кор мекунанд?
Баъди як моҳ ӯрдугоҳи берун аз шаҳр ҳам ботамом ҳолати бадеро дар худ дошт. Бӯи ғализ, гармии токатфарсои ғайричашмдошти франсуз он сӯ истод, ҳатто дили Сиёҳсартипро, ки ин ҷойҳоро хуб медонист, беҳузур мекард. Ба назари франсуз — хатмнамудаи Сорбонна, ҳаводори назокати Шелли ва Монтескье, дӯстдори саёҳатҳо дар дилижанси мулоим ба мамолики мадании Ғарб ҳамаи ин аҷоиботи осӣ акнун аблаҳии аз ҳад беруне менамуд. Мукофоти ваъдагӣ баъди анҷомебини юриш аллакай аҳамияти худро чунон, ки дар Париж дошт, гум карда буд. Ва сароғози кор ҳам аз хубие дарак намедод. Ва умуман чӣ нақша доштани шоҳзода то ҳанӯз нофаҳмо буд. Охир, аллакай се моҳ шуд, ки аз Шоҳсаванд баромада ва аллакай як моҳ аст, ки ин ҷо дар замини Марванд, лекин маълум нест, ба ҳар ҳол ғолиб омаданд ё не.
Рӯзҳои чун регзори Марв якранг тӯл мекашиданд,
ба назари чунин менамуд, ки дар ҳаёти дилгири онҳо равшание пайдо нест ва нахоҳад шуд. Шамоли тоза ҳеҷ
гоҳ бӯи дилбеҳузуркунандаро, ки ӯрдугоҳро фаро гирифтааст, бурда наметавонад. Вале боре саҳарӣ барвақт фаронсавӣ аз ғалогулаи аҷоибе, ки аз қисми ҷанубии
ӯрдугоҳ ба гӯш мерасид, бедор шуд. Охир ҷанубро қариб, ки маҳкам накарда буданд, онҳо туркманҳоро ҳама
вақт аз ғарб интизор буданд. Ва мана, дар ҷануб ин
ғалогулаи аҷоиб, ки Блоквилро бедор сохт, торафт баланд шуда, қувват мегирифт, аллакай садоҳои доду
фарёд, оҳу нола ба гӯш мерасиданд. Вақте Блоквил
аз хаймае, ки дар наздикии ҳиргоҳи шоҳзода буд, берун ҷаҳид, дар пеши чашми ӯ манзараи ҳайратангезе ҷилвагар шуд. Он чизеро, ки ӯ ба чашмаш дид, гӯё
чун давоми хоббиниқ қабул кард. Чор савора шамшерҳои ялаққосиро алвонҷ дода, ба чапу рост мезаданд ва
ҷуссаҳои қаламшудаи форсҳо дар назди онҳо ба мисли қамиши бурида ба замин меафтоданд. Барои дурусттар дидани ин манзара Блоквил ба болотари тал, ба
1 Дилижанс — фойтуни калони болопӯшида.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё