Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
тарк карда, беталафот ба ғарб, сӯи регзор ҳаракат карданд ва изди онҳо дар рӯи рег нопадид гардидааст.
Бинобар ин шоҳ Насриддин аз истилои шаҳри холии рӯзи нахоҳад буд. Инро шоҳзода Ҳамза Мирзо нағз мефаҳмид, лекин барои чорае дидан саросема намешуд.
Чиҳил ҳазор одам мехӯрд, менӯшид, ба бучулу нарзбозӣ машғул буд, қисми асосӣ бошад, бекоргардӣ мекард. Дар бобати тозагӣ бошад, касеро кор набуд ва ҳамин тавр шуд, ки ба зудӣ дар қаср зистан вазнин гардид. Шоҳзода фармуд хаймаашро ба маркази ӯрдугоҳи ҳарбӣ аз шаҳр берун ки дар болои теппачаи регдоре воқеъ буд, бикӯчонанд.
Ҳиссаи зиёди хӯрокаро боз ҳазорҳо аспон, хару уштур ва хачирҳо талаб мекарданд. Чарогоҳҳои наздикҳо чарида, онҳо аз ӯрдугоҳ ҳарчи дуртар мерафтанд ва...
бисёри онҳо барнамегаштанд. Шояд онҳо ба осонӣ тӯъмаи туркманҳо гардида буданд. Гарчанде худи туркманҳо алҳол ба чашм вонамехӯрданд. Онҳо дар куҷоянд? Мумкин дур бошанд ва мумкин дар пушти хомаи реги ҳамшафат. Сарбоз, дар он ҷо ҳангоми говгум, ба назарат чӣ менамояд? Саксавули сиёҳҳор ё туркмани туфангдор? Дар равшании ҳираи моҳ он ҷо чӣ мехазад — хори магелон ё марги ту дар нақши туркмани пойлучи ҳанҷари қаҷ бар даст? Форсҳо ҳаёти идома ба сар мебурданд, мусобиқаҳои гӯштингирӣ, хурусҷанг ташкил мекарданд, лекин душмании ғамангези регзор торафт даҳшатро зиёдтар мекард ва онҳое, ки дар хобашон маргро медиданд, бештар фарёд мебардоштанд. Ва ин ҳол ба зудӣ боз ҳам бадтар шуд.
Гап дар сари он буд, ки аллакай ҷангалҳои атрофи Мурғоб комилан тунук шуда буданд, истилогарон онҳоро барои ҳезум мебуриданд ва минбаъд лозим буд, ки барои ҳезум — қарағочу саксавул боз ҳам дуртар бираванд. Ва мана дар ҳамин гуна ҳолатҳо ҳезумбурони бетолеъро туркманҳо иҳота карда, асир мегирифтанд ва агар касе муқобилат нишон медод, сарашро аз тан ҷудо мекарданд. Сиёҳсартип, бешубҳа, аз ин аҳвол хабар дошт, лекин ба шоҳзода, ки то ҳол дар ҳолати ҳаяҷони сабук мисли ҳавои осмонӣ буд, чизе гуфтан намехост.
Сиёҳсартип фармуд, ки дастаи ҳезумбуронро то бист нафар зиёд кунанд ва ба он ду тӯп дод. Аммо туркманҳо ин дастаро ҳам иҳота карда, батамом торумор карданд ва тӯпҳоро бо худ ба регистон бурданд. Ин дафъа лозим омад, ки шоҳзодаро хабардор созанд. Сиёҳсартип

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё