Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

аз Шоҳсаванд баромаданд, Блоквил тахминан се соат дар сафоратхона монда, сипас худаш танҳо қӯшунҳоро дарёфт кард. Роҳ аз биёбон мегузашт, осмон софу салқин буд. Дар айни замон ким-чӣ хел ҳаяҷоне гӯё дар атроф ҳукмрон буд. Шояд сабаби ҳамаи ин роҳи пеш гирифтааш буд, ки то ҳол изи суми ҳазорон саворагон каме пештар аз ин ҷо гузашта тахташудааст. Гоҳ латтапора, гоҳ наъли асп, тарии мезак, пораҳои тасма ба назар мерасиданд. Мана, гоҳ дуру гоҳ аз наздик аз пушти буттаҳо ба роҳи биёбон деҳқонони хокпош каландҳо сари кифт баромадан гирифтанд. Беҷуръатона мепурсиданд, ки омадани сипоҳ тамом шуд ё давом дорад. Ва дар ҳамин ҷо Блоквил аввалин бор дид, ки халқи оддӣ аз сипоҳи худ, ки хешу бегонаро фарқ накарда, ғорат мекунад, чӣ қадар меҳаросад. Ин лаҳзаи ногувор дар вақти оғози юриш, ки барои фаронсавӣ бори аввал буд, шояд аз хотири ӯ мерафт. Лекин, мана... монандӣ ситораи болоӣ қаторкӯҳи Хуросон фурӯзон шуд. Дар болои қаторкӯҳ бошад ахтаре даргирифт, баъди он ахтари дувум, сеюм, фурӯзон шуданд.... аз думболи шом шаб ҳам дар шитоб буд. Иламани хурдсол қайчӣ дар даст аз назди чоҳ сӯи хона равон буд. Бо дарки он ки баъди вориди хонача шудани фиғони Иламан ба атроф паҳн хоҳад шуд, ба хотири нашунидани он Блоквил худро болои зин гирифта, аспро маҳмуз зад. Ба назараш ин кам намуд, ки қамчинро алвонҷ дод, лекин фиғони писарак ӯро дарёфт карда, дуру дароз дар гӯшҳояш садо дод.

Баъди нағз дам гирифтан ба хотири сабуктар кардани бор қисме аз озуқаро дар назди хароботи Порсугал гузошта, қушунҳои форс ба дарунтари мамлакат зуд ҳаракат карданд ва шашуми июли соли 1860 худро аллакай ба соҳили чапи Мурғоб, ба наздикии худи қалъаи Марв расонданд. Боди афғонӣ идома дошт ва дар давоми сенздаҳ рӯз ба ҷуз баъзе тирпаррониҳо амалиёти ҷангие рӯҳ надода буд. Дар шаби 19 июл бошад, туркманҳо ногаҳон қалъаро тарк карданд ва шоҳзода Ҳамза Мирзо дар сафи пеши қушунҳо мусиқачиёни бешуморро гузошта, байроқи ҷангиро барафрохта, ботантана вориди шаҳр шуд. Қарор гардид, ки ин рӯзро минбаъд рӯзи мағлубияти Марви саркаш шуморанд ва бисёр вилоятҳои Форс бо тантанаи пурдабдаба зафарро қайд карданд.

Дар ҳақиқат, қувваҳои асосии туркманҳо шаҳрро

пешина
аз 328
навбатӣ