Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

сафеди ӯ ҳис мешуд. Шоҳзода нафаси чуқуре кашида, қадаме пеш гузошт ва каме ҳам шуда, тез гуфт:
— Рӯяш, рӯяшро дидан мехоҳам.
— Рӯяшро ҳеҷ дидан мумкин нест, — бо мулоимат гуфт Мамад чизеро гумонбар нашуда.
— Агар аз ту напурсида ин корро кунем чӣ мешавад? — бо овози навозишкорона гуфт шоҳзода, рӯяшро бо заҳрханди ҷиддӣ тарафи Мамад гардонд ва дар ин ҳолат бисёр ҳам ба гурбае монанд шуд, ки дар бозии марговар бо мӯш бозӣ мекунад.
Мӯйсафед, бадбахтиро дар остона ҳис карда, писарашро сахт тела дод ва зуд ба гап даромад:
— Албатта мумкин аст, оғои хон, аҳамият надиҳед, ҷавон аст, тез шуд, ӯро бубахшед. Ҳа, туркманҳо арӯсро то бозгаштан маҳмалпеч мекунанд, русуми падарони мо ҳамин аст, онро мо иваз намекунем. Лекин дӯстон, рафиқони бача ба ҳар ҳол рӯи арӯсро дида метавонанд. Бинобар ин ҳисоб мекунем, ки шумо ҳам рафиқони писари ман Мамад ҳастед.
— Падар! — хитоб кард Мамад.
Аммо мӯйсафед ба ӯ аҳамият надода, ба келинаш муроҷиат кард:
— Духтаракам, ба ин тараф бигарду... рӯятро ба меҳмонони азиз нишон деҳ. Ин тараф, ин тараф гард, нағзаки ман, — меҳрубонона ӯро розӣ карданӣ мешуд мӯйсафед, — ман ба рӯят ҳатто нигоҳ ҳам намекунам, рӯятро бигардон! — зорию шарм дар овози ӯ ҳис мешуд, ӯ худро одами аз ҳама бадбахти дунё ҳис кард, яқинан дар байни туркманҳо дигар хусуре набуд, ки бо чунин хоҳиши нангин ба келини худ муроҷиат карда бошад.
Ва келин дар кунҷ истода, акнун чӣ кор карданашро намедонист. Зане, ки ҳеҷ гоҳ ба ин гуна ҳолат дучор наомада буд ва ҳамеша фармударо маътали дуюмбора такрор нашуда, фавран иҷро мекард, ҳоло байни шавҳару хусур монда, чӣ кор карданашро намедонист, гарчанде ҳамзамон бо идроки занонаи худ мефаҳмид, ки хусур ҳақ аст.
— Боз вай кар набошад! — ба шоҳзода хушомад заданӣ шуда, хандид Сиёҳ-сартип.
Шоҳзода сар ҷунбонда, шухини қабеҳро тасдиқ карду боз ним қадам ба арӯс наздиктар шуд. Лекин дар ин ҳолат Мамад чолокона аз таги дасти падар ҳам шуда гузашту байни ҳамсараш ва шоҳзодаро гирифт. Муҳофизон низ ба кунҷ наздик шуданд, лекин мӯйсафед аз

пешина
аз 328
навбатӣ