Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
онҳо пештар худро он сӯ андохт, кӯтоҳ гулӯ афшонда, кулоҷ кашид (шоҳзода аз, тарс худро қафо кашид), лекин чӯпони пир писарашро зад ва бо овози гиряолуд хитоб кард:
— Огулчерен, келинҷон, хусурат туро шарманда кардани нест, ҳамон хеле бикун, ки ман мегӯям, бикун, бикун, бо номи Худо аз ту илтиҷо дорам,— мӯйсафед дар назди келинаш чун гирифтори табларза меларзид.
Писараш бари рӯяшро дошта, мутаҳайирона рост меистод. Ва Огулчерен фаҳмид, фаранчиро гирифт. Мӯйсафед миёнашро дошт, мӯи сафедаш аз шармандагӣ рост хест: ӯ ягон вақт фикр карда буд, ки дар зиндагӣ ба ин ҳолат мефатад? Дар ин вақт Огулчерен дод гуфт, шоҳзода аллакай дасташро сӯи ӯ дароз карда буд. Мамад дарҳол худро барои ӯӣ тарафи занаш андохт, лекин дарҳол бо ҳоли вазнин ба ҷояш нишаст. Муҳофиз, ки тайёр меистод, ба чаккаи Мамад зарбаи бехатое зада, ба осонӣ ӯро аз по афтонд. Ана дар ҳамин вақт мӯйсафед ҳамаро фаромӯш карда, ҳанҷари содиқашро ба даст гирифт то фарзандонашро ҳимоя кунад. Аммо, ку он қуввати пештарааш, ки бист-сӣ сол пештар буд... Пеши чашмонаш баногоҳ сиёҳӣ зад ва вақте ки ба ҳуш омад дид, ки дар паҳлӯи писараш гелидааст. Шоҳзода дасти росташро, ки аз он оҳиста-оҳиста қатраҳои хун мечакид овезони нигоҳ медошт. Дар ҳоле, ки нигоҳи бодиққаташро аз дасташ намеканд, табассуми локайдонае дар лабони тунукаш сайр дошт. Дар атроф хомӯшии гароне ҳукмфармо буд. Ин хомӯшии ногаҳонии диққати онҳоеро, ки берун монда буданд, ба худ кашид ва онҳо ба назди панҷара омадан гирифта, ба дарун нигоҳ мекарданд. Дар байни онҳо франсуз ҳам буд. Ӯ ба даруни хонача нигариста, аз забони Огулчерен ба ҳайрат афтода буд. Зан худро ба кунҷи хона гирифта, рӯи кушодаашро тамоман аз хотир бароварда буд, чашмони калони обииш медурахшиданд, ӯ канда-канда нафас мекашид. Мӯйҳои сиёҳаш рухсораҳои сафеди зебояшро ба назар боз ҳам намоёнтар мекард, дар лаби побнаш қатраи хун монда буд. Ва шоҳзода он қатраи хунро дида, ногаҳон нафастангии ҳақиқиро ҳис кард.
— Ҳоло ист, канҷик,— дандонҳои ӯ чун шахси гирифтори вараҷа бо ҳам мезаданд,— ман лабҳои ғафси туро ба даҳони саге табдил диҳам, ки бо миннатдорӣ хуни соҳибашро мелесад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё