Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
— Биёед, он чӣ дорем, зиёфат мекунем.— Ва чӯпон меҳмондӯстона хоначаи тарафи ростро нишон дод.
— Оҳ мӯйсафед, мӯйсафед, магар ту зарбулмасали туркманиро фаромӯш кардӣ: «Аз рост — душворӣ, аз чап хурсандӣ!». Мо ҳам, ки ба ин ҷо бо мақсадҳои калон омадаем, албатта аз ин ду, ки аввалин бор дар сарзамини туркманҳо вохӯрдаем, ба чап даромаданро авлотар мешуморем! Бигузор муваффақ бошем-а? Мӯйсафед? Шубҳа дур бод, ҳамин тавр не?
— Эй меҳмони мӯътабар, шубҳа имонро барҳам мезанад! — хитоб кард мӯйсафед, норавшаниеро, ки дар қалбаш зуд роҳ ёфт, он қадар сарфаҳм нарафта,— Лекин дар он ҷое, ки меҳмононро бо дили соф пешвоз мегиранд, ҳатто фақрхон ба нек мубаддал мешаванд.
— Мана чӣ хел,— шоҳзода чашмонашро нимпӯш карда, дар лабони тунукаш заҳрханде давид,— суханҳои ҳақ, мӯйсафед, ба ту мезебанд,— ва қатъиян ба пардаи хоначаи чап даст дароз кард.
— Не, ин хел накунед,— мӯйсафед бетоқатона пеш гузашта, пеши роҳи шоҳзодаро баст,— Мо барои он ба ин хонача меҳмонони қадрдонро таклиф намекунем, ки «аз рост — душворӣ» бошад, фақат аз боиси он ки ин хоначаи мо занона аст.... ва ба хонае, ки зан ҳаст, даромадан хуб нест, оғон хон,— овози мӯйсафед ларзид.
Овози шоҳзода бошад баръакс, мисли он ки санг мегашта бошад, қатъӣ ва баланд буд.
— Ту чӣ кор мекунӣ, мӯйсафед! — Аз оринҷи ӯ дошта, дарҳол бо овози меҳрубонона давом дод: — Боигарии ту ба ман даркор нест. Бовар кун, чизи худам бароям бас аст. Агар атса занам ҳамон замон ин ҷо чилто ҳамин хел хонача пайдо мешавад, не, чил куҷо — садҳо, ҳазорҳо! Мо, фақат мехоҳем дароем, салом кунем, хоначаро бибинем... тамом.
Ва мӯйсафед осуда шуд, Худоро раҳмат гуфт, ки дасти ба ханҷар дарозшудаашро нигоҳ дошт. Лекин ба ҳар ҳол дар миёнаш будани ханҷарро аз хаёл дур намекард. Худоё, ҳамаш ба некӣ анҷом ёбад... ва он вақт ӯ меҳмононро бо зиёфати хубе сер мекунад, гӯсфандро дареғ намедорад!
Парда бардошта шуд, даромаданд. Келин либосҳояшро иваз карда буд, куртаи кӯҳнаеро пӯшида, рӯяшро бо фаранҷӣ пӯшонида, дар кунҷаке менишаст. Хударо нағз пӯшонда буд, лекин бо вуҷуди ин пояш каме менамуд, аз зери латтаи кӯҳна бошад тарангию ҷавонии бадани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё