Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

баъди панҷ моҳ ӯ соҳиби набера мешавад ва он вақт мӯйсафед одами аз ҳама хушбахт хоҳад буд! Пас чаро дар хобаш кампир ин хел маҳзунона сар ҷунбонд?
Гумонҳои ғамангезро аз сараш дур кардаӣ шуда, пичиррос зад: «Хоб баръакс мебарояд». Лекин ин ҳам фоида накард, фикрҳои даҳшатангез ӯро тарк намекарданд.
Хомӯшии ҳамагон тӯл кашид, мӯйсафед онро вайрон карданӣ шуда, аз чӣ сар карданиро меандешид. Лекин дар ин вақт шоҳзода бо қатъият сӯи хоначаҳо по ниҳод. Дигарон аз ақиби ӯ равон шуданд. Мамад дар он, ки меҳмон бе муроот ба хона медарояд, ягон бадне намедид, лекин бадани мӯйсафед ба ларза даромад, дасташ беихтиёр сӯи ханҷар майл кард, лекин дарҳол аз гӯши худ дошта, хост илоҷе карда ларзиши баданашро, ки беш аз пеш зиёдтар мешуд, ором кунад. Шоҳзода бо қираа чашм ба мӯйсафед нигариста, қадаммонии худро сусттар кард, то бигӯяд:

— Чӯпон, исми ман Ҳамза Мирзо. Ин ном ба ту шинос аст? Аз бобсе, ки рангат парид, мебинам, ки шинос аст. Инҳо бошанд сарлашкарони номдори мананд. Ин кас — Маҳмуд Мирзо Аштиёнӣ, ин бошад — Сиёҳсартип, шуҷоатмандии ӯ боварӣ дорам, ба ҳар туркман маълум аст, ман ба ин ҷо бо кушуни зиёд омадам, бинобар ин...

Шоҳзода дар пеши чӯпони пир нӯги пойҳо каме алвонҷ хӯрда, суханашро анҷом дод: — бинобар ин туро лозим аст, ки... аз ними рамаат халос шавӣ.

Ба назари мӯйсафед чунин менамуд, ки шоҳзода кимчизи дигар гуфтан мехост, асло дар бораи гӯсфандон не ва аз тақдир миннатдор шуд, ки дар ҳақиқат гап танҳо дар бобати гӯсфандон буд. Худ ба худ гуфтугӯи даҳшатоварро давом дода, пурсид:

— Ними рамаро мегӯй?

— Ҳа, ҳавобаландона ҷавоб дод шоҳзода, — айни ҳамин хел — ними рамаро.

— Агар худо хоҳад ҳамаи рамаро хӯрдан мумкин.

— Ана, чӣ хел... — шоҳзода абрӯвони борикашро боло бардошт: — Хайр, агар худо розӣ нашавад?

— Инашро фақат Худаш медонад. — Мӯйсафед дастонашро ҳалимона рӯи сина гузошт.

— Хайр, агар инро танҳо Худо донад, — шоҳзода ҳамёза кашида, қарор дод, ки мазҳакаро хотима додан даркор, — ин хел бошад, биё чӯпон даруни хона медароем.

пешина
аз 328
навбатӣ