Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
лу ғарб, ҷое, ки байни талу теппаҳои қаҳварангу ҳамвори қаторкӯҳи Хуросон ба назар ӯ чун қуллан ҳақиқӣ, ҷои сазоворе намуда буд, ки меарзид бо саманди дӯстдоштааш ба он ҷо парвоз кунад, ишора кард. Ва аз зарбаи сабуки қамчини ӯ асп пиёзи кӯҳӣ ва елмики зардударо зер кардаву ба ҳар сӯ пош дода, қиёгхон чун найзаҳои корзор рустаро ба ду тараф фарх карда, чорхез кард. Суръати дави асп чеҳраи тафсидаро тозагӣ мебахшид, садои форами шамол гӯшҳоро навозиш мекард, нашъаи шароби ҷавонӣ ботинро ба шӯр меовард. Шохзода Ҳамза Мирзо ба ҷавонияш нигоҳ накарда, аллакай ду бор барои пахш кардани шӯриши курдҳо лашкар кашида буд. Ва шоҳ Насриддин аз ӯ розӣ буд. Лекин ин ҳама дар он ҷо, дар сарзамини форсҳо буд. Истило кардани сарзамини бегона бори аввал пеш меомад. Файр аз ин дар Форс мағлубияти вазнин аз ҷониби туркманҳо аз ёдҳо нарафтааст.
Ин ҳодиса панҷ сол қабл дар Сиёҳқалъа рӯй дода буд. Панҷ соли шармандагӣ! Хайр, шоҳзода Ҳамза Мирзо доғи ин шармандагиро бояд бишӯяд. Ӯ ба ин қабилаҳои нимваҳшӣ нишон медиҳад, ки мамлакати мутамаддин чисту қушунҳои доимӣ чӣ. Ба зарби оташу шамшер Марвро мутеи худ сохта, хони ин сарзамин, ҳокими қавӣ ва оқилу одил мешавад. Ин ҳадаф ҳанӯз се моҳ қабл аз юриш бо ҳама нозукиҳояш андешида шуда буд. Охир ин сиёсати бузурги давлатӣ, оғози ҳаёти навини ин мардуми ҷоҳил, оғози он рӯзгоре хоҳад буд, ки бар ивазаш вақташ ояд ба Ҳамза Мирзо сипосгузорӣ ҳам хоҳанд кард. Аз ин лиҳоз мароми ӯ қатъиян ҷиддист: ин тохтутози муқаррарӣ, ҳамла ба хотири асир кардани даҳҳо туркман нест.
Не, шоҳзода ба ин ҷо бо низоми нав меояд. Шоҳзода душмании байни қабилаҳоро барҳам мезанад, онҳоро маҷбур мекунад, ки кор кунанд. Аз ҳама асосӣ — об дар ихтиёри ӯ мешавад. Ана барои чӣ ин фарансузчаи малламӯйро бо худ гирифтаанд. Амаки шоҳ хоҳиш карда буд, ки бо ӯ боэҳтиёт рафтор кунанд — ба ҳар ҳол Аврупо! Олим ҳам ҳаст, ким-кадом университетро қатм карда будааст... Лекин халал намерасонд, агар... Шоҳзода, қамчинашро алвонҷ дод, саманд гашташро тезтар кард. Ҳа-а, франсуз доно аст, нигоҳаш тез, чашмашро ҳам дарҳол ба замин намедӯзад — шоҳзода бо ин одат накардааст. Дар чашмонаш бошад, ки онҳо беҳуда кабуду обӣ нестанд, писханде ниҳон аст

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё