Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
тамоми қувва зӯр зада, тупҳои вазнинро пеш мекашиданд, садоҳои омирона ва шарфаи қамчини саворон ҳар лаҳза ба гӯш мерасид. Дар сафҳои пеш, ки хеле дур рафта буданд, аллакай сурнаи ҷангӣ навохта мешуд. Вазъияти дар қӯшунҳо бавуҷудомада, ки ҳамаро гирдбоди хоку чанг ва ғалоғулаи мубҳаме фаро гирифта буд, гӯй интиҳо надошт. Ҳамроҳ бо абри чангу ғубор, ки аз дами саҳар рӯи офтобро пӯшида буду беш аз пеш ғализтар мешуд ва бартараф шуданаш дигар амри маҳол буд, ҳаяҷони одамон низ ҳамон қадар қавитар мешуд. Орзуҳои маргуби дерина акнун рӯҳ намуда буд — дар пеши онҳо Туркманистони пурсаховат дастрас доман паҳн карда буд. Дар бораи устоҳои ин ҷо қиссаҳои зиёде буд, заргарон ва кулолгарон дар ин қиссаҳо чун сеҳргари ҳақиқӣ тасвир меёфтанд. Зеро кӯзаи туркманӣ дар ҳақиқат чали1 лаззатбахш ва қаурмаро таи чандин сол чунон тозаву сард нигоҳ медошт, ки ҳайрати касро меовард.
Фармондеҳи қушун шоҳзода Ҳамза Мирзо дар тан
боронии сурх дар саманди сафед ҳамроҳ бо надимон
аввалин шуда Таҷанро убур кард. Хоҳарзодаи шоҳи
Эрон, ки ҳамагӣ бисту панҷ-бисту ҳафт сол дошт, коқинна, гандумгун буд, ӯ ҳангоми сафар ҳам нисбат ба
риши хурди олуфтааш ғамхорӣ кардаро фаромӯш намекард. Панҷ нафар муҳофизони ӯ на танҳо бо либоси сиёҳрангашон, балки бо чашмони хоболуду дарундор ва нигоҳи бефарқашон низ ба ҳамдигар монандӣ
доштанд, ақиб намонда, аз ласи шоҳзода ҳаракат мекарданд. Якчанд сарлашкар дар атрофи шоҳзода гӯё
қатори дуюмро ташкил медоданд. Каме дуртар аз онҳо котиб, табиб ва мунаҷҷим асп меронданд. Дар байни надимон боз як каси дигар ҳам буд: марди қабудчашми тахминан сисолае, ки риши расидаи офтобхӯрда дошт — Гулибеф де Блоквили франсавӣ. Мувофиқи
шартнома бо шоҳи Эрон Насриддин муҳандис ба экспедицияи ҷангӣ ҳамроҳ шуда бояд барон шоҳ харитаи
заминҳои Марвро тартиб медод. Шоҳ дар ивази ин
хизмат ба ӯ тӯҳфаи гаронбаҳое ваъда карда буд
Шоҳзода бо ишораи беэътиноёнаи қамчин ходимро
ба наздаш хонда фармуд, ки сарлашкаронро ҷамъ кунад. «Дар он ҷо» — бо нӯги қамчин ба тарафи шимо-
1 Чаӣ — нӯшокӣ аз шири уштур.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё