Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

фикр мекардам, ки аз ин хона маро ба гӯристон мебаранд на ба хонаи падарам.

Набот-оча ба Ойа наздик омада, дастони ӯро, китфони ӯро сила намуд, рӯяшро ба рӯи ӯ расонду каме ақиб рафт. Бозгашту даст ба чорукбанди зарди мӯйсафед гузошту гуфт:
— Кудо...

Арча-ого маҳзунона сарашро такон дод:
— Худо пушту паноҳат бод, кудо...

Қамчини дароз хуштаккашон ба пушти хари пир бархӯрд. Ароба ғиҷирросзанон ба таъри доимӣ Ойаро аз деҳаи Гочук бадар бурд. Ӯ гиря мекард, гиряи бесадо, аз самими дил. Ғиҷирроси чархҳои хушкидаи ароба, ки ба мусиқии суруди ғам шабоҳат дошт, аз дуриҳои дур ба гӯш меомад.

БЕГОНА

Зи бадбахтӣ раҳо созам, расулам,
Ки дар касдам фитода сарнавиштам,
Ҷасадҳо ғарқи гарди хоки роҳанд,
Ба ғам ҷӯшад равони пурсиришкам.

Дар оғӯши шабон маҳ гиря дорад,
Ҷаҳаннам хайма дар мулкам ниҳода,
Ба саҳро галаҳои асп тозон,
Мани лангам ба ёбонҳо пиёда,

Азоби шум бизад оташ ба ҷонат,
Мусоҳиб аз барат по канда имрӯз,
Бирезон ашк, эй Махдумқулӣ, зор,
Фироқӣ ном бар худро аз ин рӯз.

Махдумқулӣ

14 июни соли 1860 сипоҳи бисёрҳазорнафараи форсҳо таҳти парчами шери тиллоӣ аз минтақаи Сарахс ба убур кардани рӯди сарҳадии Таҷан шурӯъ кард.
Осмони сафедфом аз саҳар гӯё чун арзиз гудозиш меёфт. Лекин дере нагузашта, гирдбоди тафсон чанги регу хокро, ки аз зери ҳазорон сум ба ҳаво мехест, бо худ гирифта, мисли абри ғафс саморо чунон пӯшонд, ки дар оғӯши он сафҳои кушун базӯр чун соя менамудаанд. Аспони шиҳаву харҳо ҳангос мезаданд, уштурҳо бо

пешина
аз 328
навбатӣ