Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
худро аз даст дода, беэҳтиёт ба ғуруб мерафт, гӯё дар кӯшиши он буд, ки оромин мардум ва заминро халале надиҳад. Дар он ҷо Раҷаб модари худро дид. Модар ба девораи аз қимиш сиёҳранги хона такя дода, ғуруби моҳро тамошо мекард. Писар хомӯшона ба ӯ наздик шуд:
— Чаро ин қадар барвақт аз хоб хестӣ, оча?
Набот-оча, ки самти нигоҳу вазъи худро дигар накард, дар назари Раҷаб чун ҳайкале намудор шуд. Савол низ беҷавоб монд. Раҷаб хост, ки рост ба рӯи модар нигарад.
— Ҳа, оча, хобат парид?
Кампир аз ғуруб чашм наканда, гӯё худ ба худ гап мезада бошад ба сухан пардохт:
— Ҳеле вақт шуд, ки ман намехобам, писарҷон, аз худи соли аввали ҷанг.
— Ҷанг-ку чанд сол пеш ба охир расид, оча, — гуфт Раҷаб ва дар рӯ ба рӯи модараш нишаст.— Ман ҳам зиндаю саломат аз он баргаштам. Чаро намехобӣ?
— Барои баъзеҳо ҷанг тамом шуду барои баъзеҳо не... — Раҷаб сарашро боло бардошт: бале, барои ӯ ин ҷанг итмомипазир аст, аммо модар ин ҷо чаро дар азоб бошад? Наҳод, ки ӯ...
— Оча, туро нафаҳмидам...
Набот-оча ба сӯи писараш тоб хӯрд, дар чашмонаш донаҳои ашки ҳанӯз нарехтааш дурахшиданд.
— Он ҷанг ку чор сол пеш тамом шуд. Аммо ҷанге, ки ту барои ман оғоз кардӣ, кай тамом мешуда бошад? Ту метавонӣ барои ман инро гӯйӣ? — Донаҳои ашк бар рухсораи пурожанг сарозер шуданд.
Раҷаб бо ҳар ду кафи дастонаш рухсораи модарро пок карду хомӯшона зонуҳои заифи кампирро ба оғӯш гирифт.
Раҷаб намедонист ва ҳеҷ вақти дигар ҳам нахоҳад донист, ки Набот-оча ба волидайни Ойа чӣ гуфт.
Дар кунҷи чапи ароба, сарашро ҳам карда Арча-ого, менишаст. Ба пушти ӯ ҳам шуда, духтараш Ойа беовоз мегирист. Аз хона Наботоҷа баромаду ду бастаи калонро ба ароба партофт. Ойа онҳоро ба ақиб пас ҳаво дод.
— Азизам, ҳеҷ чизи шумо ба ман лозим нест. Ман

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё