Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
Ойа рӯяшро бо дастонаш пӯшид. Раҷаб ба назди тиреза рафт. «Ана акнун тамом, — фикр мекард ӯ. — Акнун худаш меравад». Аммо аз пушти сараш шунид, ки овози пасте чунин мегӯяд:
— Бисёр хуб. Мехостӣ ки ман ҳам дар қаҳр бошам? Не, Раҷабҷон. Ин тавр намешавад. Таънаҳои ту ба гӯши ман чун навои фораме садо медиҳанду, торсакин задаи ту монандӣ силаи меҳрубононаест ба рӯи ман. Метавонӣ, ки маро беҳаё бигӯӣ?
— Мегӯям.
— Ғалат мекунӣ. Ман беҳаё нестам. Агар ҷанг намешуд, ту низ дигар хел мебудӣ, ин гуна ба ҳар чиз зуд оташ намегирифтӣ. Ман туро дӯст медорам Раҷабҷон. Одами дӯстдоштаамро душман кардан мумкин нест. Инро бифаҳм. Чизе ки хоҳӣ бо ман кардан гир, ман аз ту ҷудо намешававам. — Ойа каме истоду ба сӯи Раҷаб ҳаракат кард,... аммо давре заду аз хона берун шуд.
Раҷаб бо дастонаш сарашро гирифта, бемадорона нолиш кард. Аммо ҳамон лаҳза бо як мутахаййирӣ ҳис кард, ки шод мешавад. Аз он шод мешавад, ки ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда, Ойа бо ӯ хоҳад монд. «Аммо ин аҳмақист, — ба шодии худ зарба зад Раҷаб. — Чаро бояд Ойа бо ман дар азоб бошад? Чаро мо дар як оташ бояд ҳар ду бисӯзем? Чаро ба оташи қурбонии ҷанг боз Ойаро партоям? Зани ҷавонеро, ки бояд модар бошад. Агар мард бошӣ Раҷаб, ҳалокати ӯро дар ин ҷода роҳ намедиҳӣ! Аммо, чӣ бояд кард? Чӣ чора бояд кард? Ӯ маълум ки ҳамаи имконияти худро аз даст додааст. — Раҷаб аз ин фикри ногаҳонӣ, ки ҳамеша бо ӯ буду ин дам дар охир қувват гирифт, як қад парид. Ман ку модарро фаромӯш кардаам. Модарам, танҳо модарам метавонад ҳам маро ва ҳам Ойаро аз ин варта наҷот диҳад. Танҳо ӯ ба мо кӯмак карда метавонад. Танҳо ӯ...»
У ба тиреза нигарист. Моҳ дигар он ҷо набуд, ҳаво равшан мешуд. Соати пеш аз субҳ мардумро сахттар дар хоб нигоҳ медошт. Дар тамоми дунё мардум хобанд. Танҳо дар хонаи ӯ касе хоб нест. Оя дигар ба он хона наомад. Ӯ дар ким-куҷое оворагардӣ мекунад. Раҷаб низ аз ин хонаи калони муҳташам берун мегурезад. Ҳама чиз дигар тамом шуда. Ӯ дарро боз карда ба ҳавлӣ баромад.
Деҳа ҳанӯз дар хоб буд. Моҳи пурра рӯшноии шабонаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё