Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

аз ҳолати ғайримаъмулӣ караҳт шуда буд. Раҷаб бо эҳтиёт онҳоро озод кард. Ойа мутеона ба паҳлӯ хобид. Ӯ соаташро пайдо карда ба он нигарист. Аммо аз нарасидани рӯшноӣ ададҳо наметофтанд. Аз ҳад зиёд эҳсоси ташнагӣ намуд, вуҷудаш низ навъе вазнине буд. Ӯ каме баланд шуда, дасташро ба пештахтаи тиреза дароз кард то обдонро гирад. Обдон аз дасташ лағжида чаппа шуд, об рехт. Ойа сарашро баланд кард.
— Ташна мондӣ? Об биёрамат?
Аз нотавонии худашу пешхезин Ойа ҷаҳлаш боло гирифт. Он қароре, ки чанде пеш карда буд, ба якборагӣ дигар шуд. Ҳамчунин ба таври ҳамешагӣ ҳозир будани Ойа барои хизмат ӯро ба ғазаб овард. Сахт карда гуфт:
— Чӣ, ман даст надорам? Дар ҳама ҷо сари худро мехалонӣ... Ҳар чӣ дилам хоҳад, худам мегирам, бе ту!
Ӯ дид, ки Ойа аз додзании ӯ худро дарҳам кашид, ба паҳлӯ тоб хӯрду фикр кард:
«Чӣ мешавад, агар ҳоло ман ӯро занам?» — ва ҳамон лаҳза аз ин фикри ботилу аз тезшавии худ шармаш омад. Албатта дидаю дониста бадқаҳрӣ кардан дигар асту, аз тахи дил хешро ба қаҳру бедодӣ супурдан кори тамоман дигар аст. «Аммо агар ман ӯро занам,— фикр кард ӯ,— вай инро ба худ як чизи муқаррарӣ меҳисобад, ман бошам дар назди ӯ худро паст мекунам».
Раҷаб баргашта нигоҳ кард. Ойа баланд шуда, бо чашмони калон-калону ҳузнангез ба ӯ менигарист. Қаҳри ӯ боло гирифт:
— Чӣ меистӣ? Чӣ нигоҳ мекунӣ? Аз ман чӣ мехоҳӣ?
— Ту маро пеш мекунӣ? — пурсид Ойа, ва аз оҳанги саволи ӯ бармеомад, ҳӣ ӯ аз тасодуфи ин рӯйдод табассум мекунад, дар бораи он мепурсад.
— Ҳа, тасаввур кун, ва бидон — пеш мекунам! Бирав! — ҷавоб дод ногаҳон бо овози ҳиррӣ Раҷаб.
— Майлаш, пеш кун! — Ойа ба табассуми худ идома дод.
— «Бале, ӯ шахсияти маро таҳқир мекунад»,— қаҳри худро фурӯ нишонд. Раҷаб ва худ ба худ фикр мекард, ки занад ӯро ё назанад. Қарор дод бизанат, ба ӯ наздик омада, ноӯҳдабароёна як торсакие ба рӯи зан зад.
— Мана ба ту! Ҳаққатро гирифтӣ? Бирав акнун, гум шав!

пешина
аз 328
навбатӣ