Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар назарат намудааст.— Як каф обро гирифта ба рӯи Ойя наздик овард.— Ма, бинӯш ва осуда бош.

Ойя аз кафи калону меҳрубони Раҷаб об нӯшида, сабукиеро дар вуҷуди хеш эҳсос намуд: ӯ шавҳари дӯстдоштание дорад, ӯ муҳофизе дорад...

Раҷаб, дигар музоҳимате бар муҳаббати Ойя намекард. Ин аз ҳамон лаҳзае оғоз шуд, ки ӯ садои маҷъуси вайро шунид. Он садо ба гӯши ӯ чун даъвати пеш аз маргие акс дода буд. Қалби ӯ ҳамон вақте ба сӯи Ойя медавид, қариб ки аз хонааш мебаромад. Ва дар он лаҳзае, ки ӯ Ойяро зинда — хурдакак, тарсхӯрда дид, дилаш дар ҷои худ қарор гирифт. Ва ҳама чизро фаромӯш кард. Фаромӯш кард, ки қарор дода буд, бо ӯ дигар зиндагӣ накунад, ӯро аз худаш бо як қароҳату бадбинии номошкорона аз хеш дур намояд... Ҳамчунин дигар фикрҳои фосидро аз хеш дар ҳам шикаст.
Вуҷуди ӯ дар меҳру муҳаббати Ойя об шуда буд. Сараввал ӯро ором намуда, бо дастонаш ба ӯ об нӯшонд, баъдан бо дастони тари хеш абрувони нозуки ӯро сила намуд. Ӯро то маҳалли кор бурда, то охири рӯз ҳеҷ аз ӯ дур намешуд. Нигоҳаш ба таври ҳамешагӣ ҷониби Ойя буд. Дар чанд моҳи охир бори аввал буд, ки бо ӯ якҷо ба хона мерафт ва дар давоми роҳ ба ҳар гуна шӯхиҳо ӯро механонду худ механдид. Ва аз ҳамдеҳагон миннатпазир буд, ки онҳоро танҳо бо хеш вогузоштанд.

Баъд аз нони шом Раҷаб чун ҳарвақта каме сайругашт намуда, ҳини ба хона даромадан дар остонаи дар лаҳзае сокит монд. Аз рӯи одат Ойя ҷойгаҳи ӯро ҷудо соз карда буд. Ӯ чизе пеши худ наандешида, балки ба пирӯзе, ки баъд аз нисфирӯзӣ дар вуҷуди ӯ сар зада буд (баъд аз дод задаки Ойя) ва ҳамеша ӯро бо худ мебурд, ҷойгаҳи худро ба назди Ойя бурд. Ӯ дид, ки чӣ тавр Ойя дасту по хӯрда, дастонашро ба сӯи ӯ дароз намуд. Ойя ба бағали ӯ чун тифли озурдае дохил шуд.
Ӯ рӯяшро ба мӯйҳои хушбӯи ӯ гудонда, сахт ба оғӯшаш гирифта, ба хоб рафт.

Раҷаб аз рӯшноии моҳ бедор шуд. Он нур ғайриоддӣ калон буда, тамоми тирезаро фаро гирифта, ба хона бо сароби сафеди сабуке ворид шуда буд. Дастонаш

пешина
аз 328
навбатӣ