Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
Ле ин дар назари шоҳзода ҳамин хел метобад? Ҳа-а... майлаш, баъд мебинем, агар харитаи ин заминҳои нопайдоканор нағз сохта мешуд, он вақт шоҳзода Ҳамза Мирзо метавонист ин сарзаминро ба сарчашмаи адонашавандаи тиллою нуқра, пӯсти қароқулию қолин, асбобҳои қиматбаҳои ороиш ва аспҳои ахалтекинии дар олам овозадор табдил диҳад. Шоҳзода кайҳо боз орзу дошт, ки чун шоҳ соҳиби аспи ахалтекинӣ бошад. Пеш аз хоб, вақте ки дар хиргоҳи сафарии худашро болои бистари баланди қолинпӯш мегирифт, маҳзунона ҳарами дар ҷон дур мондааш, занҳои маҳбубаш ба ёдаш меомаданд, вале қариб ҳар шаб... аспи гарму чолоки ахалтекинӣ, ки аз аспи амаки шоҳ ҳам зеботар буд, ба хобаш медаромад. Ким-чи хел васвасае барин. Оҳ, Худо, чаро ҳамин хел аспи хушрӯйро ба туркманҳо нолоиқ бахшидааст!
Парэрӯз қӯшун ағбаи охирини Муздуронро гузашта, ба Таҷани наздисарҳадӣ расид, акнун аз қулла шояд имконияти дидани гумбази равоқии мақбара дар Серахс муяссар шавад. Замини бикри Марв акнун зери пои шоҳзода хобида буд, алафи ин замин итоаткорона таги суми аспаш қатъ мешуд, барои дили пурваҷҳи ӯ қафаси сина гӯё тангӣ мекард. Шоҳзода аспи шалпарро қамчин зада, хеле давонд, тасаввур кард, ки муддати чанд рӯз то Марв расида метавонад.
Ба зудӣ тахминан бист савора дар болои тал назди шоҳзода ҷамъ шуданд. Ду нафари онҳо — Маҳмуд Мирзои Аштиёнӣ ва генерал Ҳасан Алӣ — фармондеҳи қӯшунҳои хурд буданд. Ин ду кас ба шоҳзода наздиктар омаданд. Дигарон бошанд чанд қадам дуртар истоданд: ҳамон тарзе, ки ҳам садоқати худро нисбат ба шоҳзода нишон диҳанду ҳам ягон суханашро нашунида намонанд.
Генерал Ҳасан Алӣ, ки бо лақаби Спеҳсартип машҳур буд, боз қомати баланд надошта бошад ҳам, тануманди боқувват буд, осори ҷароҳатҳои рӯяш шоҳиди он буданд, ки ӯ шуҷоъ аст, чинҳои пурҳашм ва зардии ду канори даҳонаш бошанд аз он дарак медоданд, ки генерали бераҳм тарёкро дӯст медорад. Спеҳсартип зуд-зуд ба ҳашм меомад, дар он мавридҳо хун ба рӯяш зада, осори ҷароҳатҳои рӯяш кабдуҷатоб мешуданд, чеҳраи васеаш даҳшатангез мегардид.
Гулибеф де Блоквили франсуз ба тамошои парвози

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё