Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
дароз дар орзуи оғӯши ӯ хобаш намебурд. Магар метавонист худ ин корро кунад, хезаду ба ҷогаҳи вай дарояд! Вай чӣ гумон мекард, агар ӯ бидуни хоҳишаш чунин рафтор кунад? Оя баъзан аз шарм батамом таҷанг мешуд, боз худро тасалло медод, ки Раҷаб худаш албатта ба наздаш меояд. Дар канораш мегирад, ҷисму ҷони ташнаи ишқашро таскин мебахшад...
Раҷаб бошад хуш буд. Модару ҳамсараш ӯро истиқбол накарданд, хӯроку чой хӯр нагуфтанд. Пас аз гуфтугӯйи вазнин бо Елеман касеро дидану шунидан намехост. Магар метавонист тасаввур кунад, ки аз лутфу меҳрубонии одамони барояш азиз ягон вақт азоб кашад. Аммо ҷанг ӯро ба чунин ҳол гирифтор кард. Душвор буд ба ӯ ҳар шаб ба хона омадану чеҳраҳои қоҳчидаи модари дилбанду ҳамсари дӯстдоштаашро дидан. Аммо ҳақиқати ҳолро ба онҳо гуфта натавонистанаш боз вазнинтар буд... Вай рӯ ҷониби ҷойхоби Ойа гардонд. Хуфта аст нозанину меҳрубонии ман андешид ӯ. Ин лаҳза дар ӯ хоҳиши дар оғӯш гирифтану гармии тани нозуки Ойаро эҳсос кардан, бӯи хуши мӯю дастони онро шамидан пайдо гашт. Чӣ қадар дӯст медошт ӯ ба мӯйҳои паҳмоқи Ойа даст расонданро. Аз навозиши тани нозуку мачинаш серӣ надошт... Эҳ! Раҷаб қариб буд аз алам ва нотавонӣ нолиш кунад, аммо аз тарси он ки Ойа бедор мешавад худдорӣ кард...
Ба ин тариқ онҳо дароз кашида буданд то даме ки хастагӣ ва хоб бар онҳо ғалаба накард. Ва аз хурдтарин садо метавонанд бедор шаванд. Ҳангоме ки дар кушодаю ба хона модар даромад ҳар ду бедор шуданд. Аммо хомӯш худро хобида вонамуд карданд. Кампир аз мех кулоҳро гирифта баромад.
Ойа зуд фаҳмид, хушдоманаш ба назди мулло рафта буд, шояд ӯ туморе гирифта бошад...
Раҷаб ҳайрон буд. «Модар аз кирдори ман тамоман дар азоб мондааст,— фикр кард ӯ,— дар ин нимашаб барои дӯхтани дарзи кандаи кулоҳ омадааст. То пагоҳ тоқат накардааст». Нав чашм мепӯшид, ки модар аз нав ба хона ворид шуду кулоҳро ба ҷояш гузошт. Раҷаб беқарор шуд. Фикре ба сараш зад, чаро модар дар ин нимшаб кулоҳашро бурда овард? Барои фаҳмидани он чанде таваққуф кард, ки модарро хоб барад. Баъд ба он ки Ойша бедор нашавад, кулоҳро гирифта ба ошхона рафт. Чароғро гиронда кулоҳро аз ҳама ҷониб нигоҳ кард. Астар ҳамоне ки буд. Дарзҳояш ҳам бетағйир.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё