Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

чизи ғайришариат нест. Ба ман қувват бахшу ба онҳо хоби ширин...

Кампир боз вақти зиёде рӯй ба ҷониби қибла бесадо нишаст, бо умед ва эътиқоди беҳад ба парвардигор. Баъд аз нав рост шуда дари хонаашро боз кард. Мутаваҷҷеҳ шуд, писару келинаш хобанд. Дари онҳоро кушод ва ба нафири хобашон гӯш дод. Сипас, ҷониби мех дар девор зада, ки он ҷо кулоҳ меистод, қадам ниҳод. Даст ба кулоҳ бурда буд, ки он афтод. Асари афтиши он Набот дар ҷояш шах шуд. Оҳиста бо тарсу ларз ҳам шуда аз бими он ки мабодо фарш садо набарорад, кулоҳро дар ҷояш монд. Аммо чӣ тавр ба ҳуҷраи худаш гузашт, Набот дар ёд надорад. Гӯё бори гароне аз дӯшаш афтода бошад болои ҷоғаҳ афтоду аввалин бор дар чанд соли охир хобаш бурд. Ҳини ширин. Модар мутмаин буд, ки ҳама бадбахтиҳо рафъ хоҳанд шуд.

Аммо модари бечора аз куҷо медонист кӯшишҳояш тамоман беҳудаанд.

Ойяро аз куҷо хоб мебарад вақте ки шавҳараш ҳанӯз наомадааст? Ҳини ба хона даромадани Раҷаб ӯ худро хобида вонамуд кард. Вай лаҳзаие истод — кӯрпаҳои паҳлуи занашро гирад ё аз тахмон кӯрпаҳои нав. Ба хулосае омад, ки аз тахмон кӯрпаҳои нав гирад. Дар тарафи муқобил рӯи намад ба хул ҷоғаҳ кард, баъд дароз кашида ба паҳлӯ гашту хомӯш шуд.

Зану шавҳар худро хобида вонамуд мекарданд, аммо банди андешаҳои гарону бесару нӯғи хеш буданд.

Ойя фикр мекард, ки чӣ ҳодиса шуда бошад бо шавҳараш, чаро аз ҷанг тамоман бегона шуда баргашт?

Бовар намекард, ки аз ӯ дил канда бошад. Ҳатто дӯғу пӯписа, тела доданҳош одами бадбинро намемонданд. Аз чашмони бадқаҳр ҷонибаш дӯхташуда Ойя шарораи раҳму шавкати қаблиро мехонд, ки Раҷаб зуд онро бо гурезонидани нигоҳ ё чашмонашро бо мижгонҳои дарози духтаронааш пӯшондан хомӯш кардан мехост. Ҳеҷ боварӣнаш намеомад, ки Раҷаб ӯро бад мебинад. Ҳатто пас аз он ки ҷоғаҳашро ҳам ҷудо кард. Дар ин ҷо сирри дигаре ҳаст. Аммо кадом сир вай фаҳмида наметавонист. Аҷибтар боз он буд, ки ҳар қадар Раҷаб хунуку дилсард шавад вай бештар дӯсташ медошт. Дастонаш ҷониби вай дароз мешуданд. Мехост чуӣ пештара панҷаҳояшро ба мӯи сари ғулуяш шона кунад, китфони фароҳашро силаю рӯи синааш сар монад. Шабхои

пешина
аз 328
навбатӣ