Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
— Чӣ кораш карда метавонӣ?
— Ба чанор мебастем, баъд табъи дил лагадкӯб карда, маҷбур месохтем, ки қасам хӯраду думашро аз ин ҷо қат намояд.
— Бастан мумкин, лекин бо чӣ? Резини турсиат?
— Барои чӣ резин? Ҳамроҳам ресмон овардаам.
— Мегӯянд, ки падару модарашон рӯзи тӯйро низ муқаррар кардаанд.
— Ҳеҷ гап не, тӯйро вайрон мекунем.
— То тӯй як бор адаби домодро додан лозим...
— Дуруст мегӯӣ, баъд дер мешавад...
Онҳо боз хеле баҳс кардаю роҳи Раҷабни поида нишастанд. Чун аз Раҷаб дарак нашуд ба хулосае омаданд, ки имрӯз мулоқот тайин нашудасту пароканда шуданд.
Боз лаҳзаҳои дигари ширини ошиқӣ, тӯй, рӯзҳои аввали заношӯӣ ба ёдаш расиданд... Ин ишқ буд, ё эҳсоси дигар намедонист, лекин он нуқта бароиш равшан аст, ки ҳама ҳолат вай бо Ойя якгапа буд...
Елеман овозашро баланду гоҳе паст карда ҳанӯз ҳам гап мезад. Раҷаб хомӯш гӯш мекард.
— ...барои кадом гуноҳ Раҷабҷон, ту Ойяро айбдор мекунӣ? Барои чӣ меранҷонӣ? Дониста бош, ба ғайр аз виҷдон, агар ту онро гум карда бошӣ, боз суди халқӣ, қонун ҳаст... Намегузоранд, ки ту Ойяро азоб диҳӣ? Ман дӯсти туам, аммо вақте ки дар бораи Ойя... — Елеман хомӯш шуд, як ба чашмони Раҷаб синчакорона нигарист. — Э, ман ба ту ҳафту ҳашт карда мешинам? Худӣ пагоҳ тамоми кордорнатро ба раиси колхоз мегӯям. Фаҳмидӣ?
Аз санг садо буду аз Раҷаб не. Ба вай чӣ ҳам ҷавоб медод? Дар роҳи бозгашт ба хона оқибати вазнини рафторашро дар тарозуи ақл баркашид. Агар аз Ойя ҷудо шавад тамоми дӯстонаш аз ӯ рӯй мегардонанд. Он вақт шояд ӯ авулро низ тарк кунад. Охир модараш рӯи роҳ... Модар бояд бо ман монанд, андешид Раҷаб.
Мулло Расул ба кампири Набот фаҳмонд, ки тӯморро ноаён ба кӯлоҳи Раҷаб дӯзад. Аммо вақте ки аз ҷой хестан хост пойҳояш ба вай итоат накарданд.
— Эй, Худо мадад куну нигоҳ дор, — даст ба дуо бардошт кампир. — Худат медонӣ, ки дар кори ман ягон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё