Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
Онро даст-даст карда дид, чизе пайхае накард. Пас чаро модар онро гирифт? Ин вақт дар қисмати болои чизе сахт ба дасташ расид. Кордро кофта ёфт ва ҷои нав кӯкзадаро шикофта аз он ҷо коғази кулулаеро берун овард. Дар он бо хати арабӣ, чизе сабт ёфта буд. Тӯмор! Раҷаб онро аз тиреза берун партофт ва ба ҷои хеш баргашт. «Оҷаи бечора! Оҷаи беҳамтою меҳрубони ман! Ягон тӯмору таштоб дарди маро даво намебахшад, беҳамтои ман!» бо ҳиссиёти аҷонби миннатдорӣ аз модар, Ойа ва Елеман вай ба хоб рафт.
Ойа тамоми ҳаракати шавҳарашро муоина дошт. Кулоҳ дар даст рафтану боз омада онро ҷояш гузоштанашро дид. Хоб бурданашро ҳам мушоҳида кард. Нафаскашии Раҷаб дар хоб буда ба вай шинос буд. «Модари бечора меандешид ӯ, ки медонад шояд ин тӯмор мадад мекард, вале Раҷаб онро гирифта партофт». Вай аз зери кӯрпа баромада ба болои сари шавҳараш омад ва то баромадани офтоб аз чеҳраи коҳидаю рангпаридаи ӯ чашм наканд.
7
Карибихон чошт Раҷабро ба идораи колхоз хостанд.
Барои чӣ — намедонист. Раҳорах хаёлан ба худ ҳисобот медод: заминро аз алафҳои ёва тоза кардем, қитъаи обталаб надорем, карта барои кишти пахта ҷудокардаамон ҳам тайёр, замини дурдасти паси бармол мондагӣ. Онро ҳам тан як-ду рӯз, бисёр равад се рӯз аз даст мебарорем. Ҷӯю қубурҳо ҳама тоза, танҳо қисмати болоии баъзе қитъаҳоро ҳамвор кардан лозиму халос.
Вай бо дили пур ба дари идора қадам монд. Раис сӯҳбаташро бо механик ба анҷом расонида аз зери абрӯвони ғафсаш ба Раҷаб нигоҳи хашмолуд дӯхта, ба кабинет даъват кард. Вале гарм пурсонаш шуд:
— Ку, бригадир, наздиктар бишин, як аз тахти дил сӯҳбат кунем, — даромадан замон сухан оғоз кард раис ва курсии кориашро монда Раҷабро сӯи мизи дастархону чой дошта, хонд.
Аз паси раис қадам гузошта Раҷаб чӣ тавр оҳ кашиданашро нафаҳмида монд.
— Ҳа, ин қадар чуқур оҳ кашидӣ? — ва фурсате пас ба ҷои бригадир худаш ҷавоб дод: Бо занат носозӣ, ҳамин хел?
Ба Раҷаб гӯё оби ҷӯш пошиданд: умедвор набуд, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё