Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

— Ҳанӯз не, — бо як овози гирифта ҷавоб дод Пӯлод. Ӯ аз сардорон намеҳаросид, танҳо бо ин ҳама рӯйдодҳо шармаш меомад, мисли он ки ӯро табибон урён карда тамошо мекунанд.
— Ягон бор дар хонаи тагоят будӣ?
— Кадом тагоям? — нобоварона боз пурсид ӯ.
— Хайр, чӣ хел — «кадом тагоям»... Дар хонаи амаки Онамурод албатта.
— Мо амаки Онамурод ҳам дорем. Ӯ чӯпон аст.
— Ана ӯ чӣ хел... хайр, будӣ ё не?
— Будам...
— Хайр, чӣ тур?
Пӯлод китфашро дарҳам кашиду намедонист чӣ ҷавоб диҳад.
— Тӯҳфа гирифта будӣ, ҳамин хел?
— Ҳа, як портфели калон.
— Бин-а, портфел... Маълум, ки бо он ба мактаб меравӣ?
Пӯлод сар ҷунбонду бори баданашро аз як пой ба пойи дигар партофт. Дар пеши чашмонаш чанд тан калонсолон истодаанд, бадтар аз он буд, ки пеши тахтаи синф рост менҳатӣ.
— Ҳа, ҳа... Қани. Акнун ба мо гӯй, Пӯлодҷон: бо кӣ зиндагӣ кардан мехоҳӣ — бо падарат ё модарат? Мо онҳоро чуноне, ки ту шояд медонӣ... Мо онҳоро... э, э... ҳоло ҷудо кардем, ва дигар онҳо бо ҳам зиндагӣ нахоҳанд кард, ба ҳамин сабаб худат интихоб кун.
— Хайр, ба ҷуз модараш бо кӣ бояд зиндагӣ мекардааст — афзуд гуфт раис, ки дар симояш асабоният ҳувайдо буд. — Тамоми солҳои ҷанг бо вай мезист ва маълум, ки як умр...
— Ором бошед, — марди бемӯй ба раис рӯ оварда гуфт, аммо раис гӯё, ки месулфида бошад, рӯяшро ба дигар сӯ тофт. Он зан бошад ба чизе кордор намешуд ва дастонаш ба бараш рост мисли аскарон менистод ва шояд ҳам аз аҳли Гочук буд. Пӯлод ӯро боре дида буд.
— Хайр, чӣ, ба хулосае омадӣ? Бо кӣ?
Пӯлод аз зери чашм ба ӯ нигарист у хост боз бо имои китф ҳайронашро фаҳмонад, аммо баногоҳ тарсид: онҳо метавонистанд, ки фиребаш диҳанд. Ӯ ба ин сардорон бовар надошт. Онҳо чӣ қасде доранд, ки агар имои ҳайронии кунаду «намедонам» гӯяд, дарҳол хоҳиши дили худро хоҳанд кард. Падараш беҳуда аз остона

пешина
аз 328
навбатӣ