Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

бобои Сталин буд, бидуни падари Пӯлод боз се тани дигар ҳузур доштанд: раиси шӯрои деҳаи Гочуки онҳо, ки аз ӯ ҳама метарсиданд, кадом як зани қадпастак ва марди дигаре тоссару бемӯйки пиҷаки сафед ба бар дошт ва маълум, ки сардори ҳамаашон буд. Рафтораш аҳли шаҳр буданашро нишон медод.

— Хуш, — гуфт сардор, — салом, Пӯлод. Аз дидани хоҳарзодан огои Ономуродамон мамнунем. Чаро шумо сари вақт нагуфтед, — ӯ гоҳ ба тарафи Норточу гоҳ ба тарафи раис рӯ меовард. — Овардану азоб додани кӯдак ҳеҷ лозим набуд.

— Медонед чӣ, мӯҳтарам... — ба зорӣ даромад раис (маълум шуд, ки ӯ ҳам аз калонҳо метарсидааст). — Ин хел корҳо, мӯҳтарам, барои мо аз рӯи одат нестанд... ҳа, гоҳ-гоҳ мешавад. Медонед чӣ, мо ҳам бо тамоми хоҳишамон... Ҳа, боз ногуфта намонад, ки агар мо... Мо танҳо мехоҳем, ки ҳамаш аз рӯи қонун анҷомад. Ва бадбахтӣ, умедворам, ки чандон бузург нест...

— Бале, — гуфт сардор. — Ҳ-хайр, ҳеҷ гап не.

— Қонунӣ, кӣ бошад, қонунӣ, — гуфт падараш. Ӯ қафонокӣ ба тахти тиреза такя дода рост меистод ва асобағалаш аз паҳлӯяш. Ӯ ба чашмони Пӯлод нигарист ва бо ишорае дилпурона сар ҷунбонд: — яъне ҳеҷ гап не, тоқат кун. — Аз кӯдак пурсидан лозим, чунон ки худатон гуфтед. Бигузор худаш бо кӣ зиндагӣ карданро интихоб кунад.

— Чӣ хел интихоб будааст, — овоз баровард раис ва чашмонашро каҷ кардаву ба Нуркулӣ нигоҳе ҳам накард. — Албатта, ки модараш. Хайр, кӯдак агар бо модараш не, пас бо кӣ зиндагӣ мекардааст?

— Бо кӣ зиндагӣ кардани кӯдакро ба ҷуз худаш боз кӣ ҳал мекард?

— Хуб, — сухани падарро бурида имои даст кард сардор. — Мо мепурсем. Аммо шумо... э-э... падару модар бояд аз ин ҷо бароянд.

— Бале, бале, — раис ҳам сар ҷунбонд — то ки чунин... Илтимос, ки бе ягон... хоҳиш мекунам. Илтимос. Бе ягон зӯроварӣ шавад... Ва дастонаш ҳаворо бурида, хоҳиш намуд, ки Нортоҷ барояд. Аз пушти модар, асобағалашро гирифта падар ҳам вазнин-вазнин аз утоқ берун шуд. Назди дар, ба қафо нигариста нигоҳи писарашро эҳсос кард, хост чизе бигӯяд, аммо нагуӯфту аз остона баромад.

— Хайр, хайр, Пӯлодҷон... Ту чандсолай? Ёздаҳ?

пешина
аз 328
навбатӣ