Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

дар ҷараёни дарс ончунон бо самимият ва муҳаббат ҳарф мезаданд, ки донишҷӯро мафтуни худ мегардониданд. Борҳо шоҳид шудаем, ки шогирдонашон низ ба устод пайравӣ карда, то ҷое тақлид ба самимияту шахсияти илмии ӯ мекунанд.

Самимият дар вуҷудашон хона дорад ва ин ҳамбастагиро сари ҳар қадами устод мушоҳида кардан мумкин аст. Чунончи, ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо мо ҳамеша бо самимият ва таъкиди хос зарурати сари вақт ва дар сатҳи баланди илмӣ анҷом додани рисолаҳои илмиамонро ёдовар мешаванд ва бар замми ин маслиҳатҳои муфиди илмиашонро низ дареғ намедоранд. Ба гумони мо, самимияти устод, пеш аз ҳама, самараи муҳаббати беандоза нисбат ба атрофиён ва пешаи интихобнамудаашон аст. Маҳз чунин таровиши муҳаббати инсонии эшон аст, ки дар ҳама ҷо соҳибэҳтироманду арҷманд.

Инсони масъулиятшинос. Масъулият доштан ва масъулиятшинос будан яке аз хислатҳои ҳамидаи устод Кӯҷарзода мебошад. Эшон дар ҳама кор ва муносибати илмиву таълимӣ масъулияти баланд доранд. Мо, ки шогирдони устод буда, аз мактаби илмиву таълимии он кас заррае ҳам бошад, баҳравар гардидаем, боре ҳам шоҳид нашудаем, ки устод ба дарс дер монда ё онро сарфи назар карда бошанд. Масъулияташон ба дараҷаест, ки ҳамеша ва дар ҳама ҷо пешсафанд. Пешсафӣ дар илму таълим, фаъолияти рӯзмарра, тарбияи шогирдон, фарзандон ва ғайра маҳз аз масъулиятшиносии устод сарчашма мегиранд. Ба қавли шоир:

Масъулият аз хирад гирад асар,
Масъулият бе хирад надҳад самар.

Устоди масъулиятшиноси мо дар ҳар суҳбату мулоқоташон таъкид менамоянд, ки вазифаи бар дӯш доштаро бояд сари вақт ва бо масъулияти том иҷро намуд. Дарвоқеъ, самараи чунин муносибат, сахтгирӣ ва масъулияташон аст, ки шогирдони мактаби илмии устод ҳамеша аз иҷрои уҳдадориҳои илмиашон сарбаландона мебароянд. Зери роҳбарии

пешина
аз 226
навбатӣ