Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

профессор Кӯчарзода аллаккай даҳҳо нафар рисолаҳои номзадӣву доктории худро ҳимоя карда, дар таҳқиқу омӯзиши масъалаҳои гуногуни адабиётшиносии тоҷик муваффаку соҳибмактабанд:

Илм хуршед асту олим нурпош,
Оқило, бар ҳама олам нур пош.

Инсони озода. Озода будан аз хислатҳои дигари барҷаста ва асосии устод мебошад. Воқеан, устод Кӯчарзода ҳам зоҳиран ва ҳам дар ботин озодаву поканд. Чунин бартарии устодро ҳама шогирдонашон таъкид намуда, пайравӣ ба ӯ мекунанд. Мо низ хуб дар хотир дорем, ки замони донишҷӯӣ дар мавриди зоҳиран озода будан ҳамеша мехостем ба устод тақлид кунем. Мавсуф яке аз рукнҳои зебоии инсонро дар озода будан медонанд ва барои он ҳамеша талош меварзанд.

Озодагиро дар фаъолияти илмиву таълимии устод Кӯчарзода низ мушоҳида кардан мумкин аст. Ба таври дигар, илму таълиме, ки устод доранд, орӣ аз ҳар гуна ифлосиву ношаффофист. Бархӯрди эшон бо илму таълим танҳо аз роҳи ростиву дурустӣ ва масъулияту озодагист. Ҳамин аст, ки он касро дар муҳити илмиву адабӣ ва берун аз он ба ҳайси олими тавонманд ва озодакор мешиносанд ва эҳтиром мекунанд.

Дар хусуси шахсияти профессор Кӯчарзода Аламхон метавон зиёд сухан гуфт, зеро устоди мо ба ҳама гуна тавсифҳои инсонӣ арзандаанд. Танҳо ҳаминро таъкид менамоем, ки устод, дар ҳақиқат, инсони бо маънои том комилу соҳибмартабаанд. Чунин эътирофи баландро эшон маҳз аз хоксорӣ, озодагӣ, муҳаббату самимият ба касбу кор ва муҳити оилавию кориашон дарёфтаанд. Ба қавли шоир:

Агар шуҳрат тамаъ дорӣ, рафиқи беди маҷнун бош, Ки ӯ ҳарчанд боло меравад, сар бар замин дорад.

пешина
аз 226
навбатӣ