Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
шогирдон тавассути андешаҳои баланди илмиашон талқин менамоянд ва аз онҳо чунин муносибатро интизор мешаванд. Хушбахтона, чунин муносибати устод ба шахсияти шогирдонашон низ таъсир мерасонад, ки аксарияти онҳо дар пояи одаму одамгарӣ аз ӯ мондагӣ надоранд. Ба гумони мо, мисраъҳои зеринро шоир маҳз барои устод Кӯчарзода барин инсонҳои наҷиб эҷод намудааст:
Сарбаландӣ гар бихоҳӣ бо ҳама якранг бош,
Қолин аз садрангии худ зери по уфтодааст.
Инсони андешаманду дурандеш. Устод Кӯчарзода ҳамеша пойбанди андешаҳои созандаанд. Ҳам андешаи илмӣ ва ҳам андешаи кору фаъолият дар зиндагӣ бароишон муҳим буда, натиҷаи онро, ки борҳо дар тарозуи хирадашон месанҷанд, ба атрофиён талқин месозанд. Мо борҳо шоҳид гаштаем, ки дар ҳалли масъалаҳои мушкили илмиву ҳаётӣ устод бо самимияти хосса ҳамчун маслиҳатгар ва дорои таҷрибаи бойи зиндагӣ муваффақ шудаанд. Он кас оқибати ҳар амалу фаъолиятро дурандешона баҳо дода, хулосаи дурусту зарурӣ мебарованд. Чунин мавқеъгирии саривақтӣ ва муносибати бамавриду масъулиятноки эшон аст, ки ҳамеша атрофиён аз ӯ баҳра гирифта, маслиҳатҳои устодро намунаи кору пайкори худ қарор медиҳанд. Масалан, мо хуб медонем, ки маслиҳатҳои устод Кӯчарзода дар мавриди гузоштани нимпайкараи шоири маҳбуб Шамсиддин Шоҳин дар ноҳияе, ки устод он ҷо ба дунё омадаанд, натиҷаи таҳлилу баррасиҳои дуру дарози ӯ буд, ки ниҳоят дар чунин шакл пешниҳод гардид.
Инсони самими. Самимияти устод ҳам дар зиндагӣ ва ҳам дар самти фаъолияти кориву илмиашон хуб эҳсос мешавад. Дар муҳити хонаводагӣ, саҳни донишгоҳ, роҳрави факултет, умуман, дар ҳар ҷое ки устодро дучор мешавем, бо рафтору гуфтори самимиашон намунаи ибратанд. Ҳангоме ки устод ба мо дарс мегуфтанд, мо кӯшиш менамудем, ки ҳадди ақал ба ягон хислати писандидаи он кас пайрав бошем, зеро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё