Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

бо ибтикору дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои илми ватанӣ шароити хубу мусоиди дастрас муҳайё гардид, ки чунин фазо барои боз ҳам бештару хубтар мавриди омӯзиш қарор гирифтани масъалаҳои ҳалношудаи илму адаби тоҷик такони ҷиддӣ бахшид.

Дар ин марҳилаи муҳиму ҳассоси таърихӣ дар баробари дигар илмҳо шохаи адабиётшиносии тоҷик низ ба тавассути олимони шинохта ва заҳматҳои илмии онҳо рушду нумуъ кард. Дар ин радиф метавон аз хизматҳои бесобиқаи муҳаққиқони зиёди риштаи адабиёти ватанӣ ёдовар шуд, ки миёни онҳо ҷойгоҳи шахсияти шинохтаву маҳбуб, донишманди соҳибмактаб ва хоксору фазлпеша, доктори илмҳои филологӣ, узви вобастаи АМИ ҶТ, матншиноси варзида, профессор Кӯҷарзода Аламхон хосса мебошад. Итминони комил дорем, ки мақому мартаба ва заҳматҳои илмии устод Кӯҷарзода А. ба ҳаводорони шохаи адабиётшиносии тоҷик шинос аст ва ҳоҷат ба баёни дастовардҳои беназири илмии ӯ нест. Ин ҷо мо мехоҳем танҳо аз шахсияти устод ҳамчун инсони комилу намунавӣ ҳарф занем ва якчанд хислати эшонро, ки маҳз хоси онҳост, шогирдона ба риштаи таҳлил кашем.

Инсони заминӣ. Устоди мо, воқеан, инсони заминианд.
Заминӣ буданашон дар он аст, ки бо ҳама муносибати якхела доранд. Ҳар касе дар ҳаёт бо устод Кӯҷарзода боре ҳам бархӯрд карда бошад, аз он кас ҳамчун шахси ҳалиму меҳрубон ва дар муносибат хеле самимиву эҳтиёткор ёд мекунанд. Бо симои андешаманду ҳамеша ороста ва забони ба худашон хос муошират намудани устод ба салобаташон ҳусну шаҳомати дигар зам мекунад. Устод ҳамеша вобаста ба вазъият ва ҳолати рӯҳии мусоҳиб суҳбат меороянд. Маслиҳатҳои эшон ҳамеша муфид буда, сармашқи фаъолияти кориву илмии олимони ҷавонанд. Заминӣ буданашон ба фаъолияти илмиашон низ бетаъсир намондааст. Онро ба

пешина
аз 226
навбатӣ