Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Қосимзода С.С., Ғаффорзода Ш.Ҳ.,
Дӯстзода Ҳ.Ҷ., устодони ДМТ

ИНСОН ВА ОЛИМИ НАМУНА

Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии худро бедарег ба шогирдон медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад (Эмомалӣ Раҳмон).

Барҳақ, инсонҳои донишманд дар пешрафти ҷомеа нақши калидӣ доранд. Онҳо чароғеро мемонанд, ки пайраҳои мақсуди инсониятро равшан сохта, моро ба сӯйи фатҳи қуллаҳои мурод ва созандагиву бунёдкорӣ раҳнамун месозанд. Маҳз ҳамин асолати шахсони боилму соҳибхирад боис гардидааст, ки онҳо дар ҳама давру замон гули сари сабади ҷомеа ва маҳбуби ҳамагон бошанд.

Таърихи башарият ҳамеша ба илму дониш ва шахсиятҳое, ки чунин арзишҳоро касб намуда, тавассути онҳо дар ҷомеа соҳибмартабаву соҳибэҳтироманд, эҳтиёҷ дорад. Воқеан, инсонҳои соҳибилму донишманд ба мисли гавҳари шабчироғ вазифаи равшан намудани ақлу тафаккури инсонҳоро доранд ва пайваста дар пайи чунин масъулият заҳмат мекашанд. Маҳз заҳмати онҳост, ки ҷомеаи мутамаддин ба сӯйи дурахшандагиву пешрафт ва ояндаи нек гом мениҳад. Ба таври дигар, боландагиву рахшандагӣ ва хушбахтиву хушрӯзгории инсоният ба кӯшишҳои қишри равшанфикри ҷомеа алоқамандии ногусастанӣ дорад. Бешак, самараи пайкорҳои илмии онҳо умеди моро ба ояндаи дурахшон бештару беҳтар мегардонад. Аз ин ҷост, ки миёни мардум ба мафҳумҳои УСТОД ва ОМӮЗГОР эҳтироми хосса доранд ва ба ҳар сухани ӯ гӯш медиҳанд.

Хушбахтона, миллати тоҷик дар ҳама асру замон аз
баракати фарзандони закиву донишмандаш баҳра гирифта ва
имрӯз низ аз самараи талошҳои илмии онҳо мартабаи баландро соҳиб аст. Пӯшида нест, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ

пешина
аз 226
навбатӣ