Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Одиназодаи Хатлонӣ вохӯрдам. Чун медонистам, ки ин шахс суханшиноси ҳассосу нуктадон аст, аз фурсат истифода бурда, маънои байти болоро аз эшон пурсидам. Сомеъ Одиназода як табассум карду гуфт: «Писар, дар мисраи дуюми ин байт калимаи «азиз» маънои «камёфт, нодир, ноёб»-ро дорад. Ба ин пири хирад изҳори ташаккур карда, ба хона омадам ва дарҳол ба «Фарҳанги забони тоҷикӣ» муроҷиат кардам. Дар ҳақиқат, калимаи «азиз» чор маъно (1) гаронбаҳо, боарзиш, қиматнок; 2) баландмартаба, оликадр; 3) камёб, нодир, ноёб; 4) порсо, диндор, муқаддас доштааст ва барои тасдиқи маънои сеюми ин вожа байти боло оварда шудааст».

Синни мубораки устод Кӯҷарзода Аламхон ба 75 расида бошад ҳам, ҳанӯз эшон дили пур аз меҳр нисбат ба касби интихобнамудаи хеш, яъне касби пуршарафи омӯзгориаш дошта, худашонро бидуни дарсу синфхона ва шогирдон тасаввур карда наметавонанд. Ӯ шахсест ҳалиму меҳрубон, хоксор, ботамкин, ботаҳаммул, донандаи хуби луғот, тафсиргари каломи бадеъ. Ҳар шогирде ва ё омӯзгори ҷавоне аз устод маънии байтеро ё калимаеро пурсад, новобаста аз оне ки устод дар роҳ ҳастанд, ё дар синфхона, дарҳол посух мегӯянд бо тафсири луғоташ ва таъкид менамоянд: «дафтари луғат гиред, нависед ва аз ёд кунед. То маънии калимаро нафаҳмед, шумо шеърро маънидод карда наметавонед».

Ҳамин тавр, устод Кӯҷарзода Аламхон шахсест Худодод ва лоиқи сутуданҳо. Ботаҳаммул ва бо ҷиддияти ба худ хос сухан мегӯянд, боандеша ҳарф мезананд. Аз ҳар суханашон манфиате ба аҳли адаб расида. Устод дарахти серҳосилеро мемонанд, ки аз меваҳои он ҳамаи толибилмон ком ширин мекунанд.

Мо шогирдон даст ба дуо мебардорем ва аз Худованди мутаъол илтиҷо менамоем, ки умри устодамон дароз бод, ҳаргиз хастагиро набинанд ва қаламашон чун барқи дамон доимо дар ҳаракат бошад.

пешина
аз 226
навбатӣ