Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
С. Турсун, А. Самад, Ҷ. Акобир, А. Муродӣ, М. Ғоиб ва дигарон мақолаҳо навиштааст. Матнҳои илмии қиссаҳои «Одина»
(1992) ва «Марги судхӯр» (2010)-и С. Айнӣ ва матни саҳеҳи рисолаҳои «Қуддусия» (1993), «Маърифати нафс» (1994) ва «Дарвешия» (2014)-и Мир Сайид Алии Ҳамадониро ба табъ расонидааст. Ба муносибати 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон ва дастгирии ЮНЕСКО соли 2015 дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил мегардад, се рисолаи ин мутафаккирро ҳам бо ҳруфи кириллӣ ва ҳам бо алифбои ниёгон ба чоп омода сохтааст.
Зери роҳбарии А. Кӯчарзода 16 унвонҷӯ аз Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, сазовори унвони номзади илмҳои филологӣ гардидаанд ва ҳоло чанд унвонҷӯи дигар ба кори илмӣ машғул мебошанд.
Профессор А. Кӯчарзода «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» (1995) ва Корманди шоистаи Тоҷикистон (2008) буда, ба ордени Дӯстии халқҳо (2001) ва Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (2013) сазовор гаштааст. Аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Аҷаб хотироти неке доранд устод Кӯчарзода Аламхон аз солҳои аввали омӯзгории хеш. Устод аз хотироташон чунин ҳикоя мекунанд: «Тахминан соли 1971 буд. Ду сол боз дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ дарс медодам. Рӯзе аз айёми тирамоҳ, баъди дарс донишҷӯе аз ман маънии байти:
“Доно ба ҳар диёр азизу мукаррам аст,
Лаънат бар он диёр, ки доно навад азиз»
-ро пурсид. Рости гап, ба ман калимаи «азиз» аз мисраи дувум ба матн номувофиқ намуд. Бинобар ин, маънои ин калимаро бори дигар аз луғатҳо дидан хоста, ба донишҷӯ гуфтам:
«Пагоҳ ин байтро дар дарс таҳлил мекунем». Бегоҳи ҳамон рӯз корам ба муассисаи меваву сабзавотзахиракунии шаҳр афтод ва он ҷо ба шоиру мутафаккири рӯзгордида Сомеи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё