Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
сарходими илмии Институти тадқиқоти илмӣ дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуданд. Айни замон ба ҳайси профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ, инчунин профессори кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чун ҳамкори беруна фаъолият карда истодаанд.
Доктори илмҳои филологӣ, профессор Кӯҷарзода Аламхон дар ҳаёти илмӣ ва фарҳангии мамлакат ширкати фаъолона доранд. Моҳи ноябри соли 1997 ва моҳи марти соли 2003 вакили анҷуманҳои XI ва XII нависандагони Тоҷикистон буд. Аз соли 2003 узви бахши нақди адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Солҳои 2007-2009 Узви Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Аз соли 2007 чанд муддат узви комиссияи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника буд.
Кӯҷарзода А. соҳиби рисолаҳои «Тадқиқи текстологии «Одина»-и С. Айнӣ» (1982), «Хусусиятҳои миллӣ ва интернационалии назми М. Турсунзода» (1988), «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик» (1994), «Нақди матни осори С. Айнӣ» (2000), «Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии насри С. Айнӣ» (2002), Адабиёти тоҷик барои синфи 11-и мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ (бо ҳаммуаллифӣ, - 2007, 2011, 2014), «Турсунзода: маҳорат ва садоқат» (2011), «Таҳрири адабӣ ва фаъолияти муҳарририи С. Айнӣ» (2013), «Муҳаққиқи соҳибмактаб» (2014), маҷмӯаҳои шеърии «Сад рубой» (2012), «Бобо ва набераҳо» (2013) ва 470 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад.
Кӯҷарзода А. оид ба эҷодиёти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Ҳофизи Шерозӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Шамсиддин Шоҳин, С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, Ҷ. Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Муъмин Қаноат, Ашӯр Сафар, Қутбӣ Киром, Лоиқ Шералӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё