Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Соли 1959, вақте ки дар деҳаи Саричашма мактаб-интернат барпо мешавад, ӯро модараш барои идомаи таҳсил ба ҳамин макони илму адаб месупорад.

Аламхон Кӯҷарзода мактаб-интернатро бо баҳои аъло хатм намуда, соли 1964 ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил мешавад ва онро соли 1969 бомуваффақият ба итмом расонда, ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб роҳхат мегирад ва дар кафедраи адабиёти тоҷик ба фаъолият шурӯъ мекунад.

Кӯҷарзода Аламхон дар кафедраи мазкур дар вазифаҳои муаллим (1969-1972), муаллими калон (1972-1981) кор кард. Солҳои 1972-1976 чун аспиранти ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳти роҳбарии узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Ш. Табаров дар мавзӯи «Масъалаҳои матншиносии повести «Одина»-и С. Айнӣ» таҳқиқот бурда, соли 1978 ба дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ ва соли 1982 ба гирифтани унвони дотентӣ сазовор гардид.

Кӯҷарзода А. солҳои 1980-1988 роҳбарии маҳфили адабии «Адибони ҷавон»-и факултети филологияи Институти давлатии омӯзгории ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Кӯлобро ба уҳда дошт. Солҳои 1994-1996 бошад, муҳаррири рӯзномаи умумидонишгоҳии «Анвори дониш» буд. Ӯ, ҳамчунин, яке аз фаъолони ҷамъияти «Дониш»-и ҷумҳурӣ ба шумор мерафт.

Устод солҳои 1989-1991 ходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон буд. 10-уми июни 1997 дар Шӯрои дисертатсионии Пажӯҳишгоҳи мазкур дар мавзӯи «Мавқеи нақди матн дар адабиётшиносии тоҷик ва масъалаҳои матншиносии насри С. Айнӣ» (мушовир академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Муҳаммадҷон Шукуров) рисолаи докторӣ дифоъ намуд ва моҳи сентябри ҳамон сол ба кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДДМТ аз тариқи интиқол ба кор омад. Солҳои 2002-2010 дар кафедраи мазкур мудир буданд ва якчанд сол чун

пешина
аз 226
навбатӣ