Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Холиқова Зайналбӣ,
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

СИТОРАИ ДУРАХШОНЕ
ДАР ОСМОНИ ИЛМУ АДАБ

Унсуралмаолии Кайковус дар боби сиву якум, фасли дувуми «Қобуснома»-и худ, ки «Андар толибилмӣ ва фақеҳӣ» ном дорад, мефармояд: «Ва агар олиме муфтӣ бошӣ, бодиёнат бош ва бисёрҳифзу бисёрс ва дар ибодату намоз ва рӯза таҷовуз макун ва дурӯя мабош ва поктинату покҷома бош ва ҳозирҷавоб ва ҳеҷ масъаларо то наяндешӣ, ба зудӣ ҷавоб мадеҳ. Ва бе ҳуҷҷате ба таклиди хеш қонеъ мабош ва ба таклиди кас кор макун ва ройи худро олӣ дон ва бар ваҳҳайну қавлайн қаноат макун ва ҷуз бар хатти муътамаддон эътимод макун».

Дар ҳақиқат, устод Аламхон Кӯчарзода маҳз ин гуфтаҳои Кайковусро сармашки кори худ қарор додаву боандеша сухан мекунад, дар ҳар суханаш ҷаҳони маънӣ манзил карда. Олимест боамал, донишмандест, ки аз илмаш ҳазорон толибилмон баҳраманд гашта, шоирест, ки аз хондани ашъори баландмазмунаш дилҳо саршор аз меҳр ва муҳаббат нисбат ба модар, Ватан, диёр гардида. Хулоса, устод Аламхон Кӯчарзода ба маънои томаш инсони комил, олими боамал, донишманди асил ва арзанда ба ҳама гуна қадрдониҳост.

Кӯчарзода Аламхон 4-уми феврали соли 1946 дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод, дар оилаи муаллим ба дунё омадааст. Падараш – Кӯчари Додар, солҳои 1938-1945 дар деҳоти Саричашма ва атрофи он муаллимӣ карда, дар охирҳои соли 1945 аз олам чашм мепӯшад. Аламхон дар тарбияи модараш – Суратмоҳи Наим, ки зани оқилу порсо буд, ва хешовандони модариаш калон мешавад ва соли 1952 ба мактаб меравад.

пешина
аз 226
навбатӣ