Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

зебо баён карда: «Хушнудии ҳаёт дар эҷод аст. Эҷод кардан маънои нобуд кардани маргро дорад».

...Аҷиб аст, ки бо ҳама шукӯҳу шаҳомате, ки дар илм ва саҳме, ки дар пешрафти фарҳанг доранд, то кунун устод дар хобгоҳи оилавии ДМТ бо ҳамсарашон истиқомат мекунанд. Устод ҳуҷраеро аз ҳисоби хонаи хеш ба китобхона табдил кардаанд, ки аз он даҳҳо нафар сокинони ин хобгоҳ, ки аксаран муаллимону аспирантонанд, истифода мекунанд...

Аз қадрдониҳое, ки ба заҳамоти устод Кӯчарзода воқеъ шудааст, метавон “Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени “Дӯстӣ” ва баранда будани ин касро дар Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ ном бурд. Албатта, инҳо қадршиносии кам нестанд, аммо, ба назари банда, беҳтарин подоши амалҳои устод муҳаббати ҳамкорон, шогирдон ва аҳли қалам аст, ки ягон мукофоти дигар, ягон ҷоизаи дигар ҷойи ин муҳаббатро намегирад ва гирифта ҳам наметавонад...

пешина
аз 226
навбатӣ