Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Салими Хатлонӣ, Сомеъ Одиназодаи Хатлонӣ ва бисёр дигарон аз назари устод нақди сухан шудааст. Ҳиссае аз мақолаҳояшон ба баррасии осори Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Мирсаид Миршакар, Абдусалом Деҳотӣ, Соҳиб Табаров, Муҳаммадҷон Шукурӣ дахл дорад. Мунтазам тақризу мақолаҳояшон оид ба эҷодиёти шоирону нависандагони имрӯза дар матбуот ба табъ мерасад. Дар ҷаласаҳои Иттифоқи нависандагон доиман иштирок мекунанд ва маърӯзаҳо мехонанд. Борҳо шудааст, ки болои мизи кориаш дастхати адибонро дидаем ва пай бурдаем, ки он дастхатҳо баъди мутолиа ва маслиҳату раҳнамоии устод ба табъ хоҳанд расид.
Устод ба зумраи олимоне дохиланд, ки мақом ё статусашон «пуркор» ё «заҳматкаш» аст. Миёни олимон кайҳост, ки чунин «рутба» вуҷуд дорад. Масалан, устод Холиқ Мирзозодаро олими «девкор» мегуфтанд, аз он ҷиҳат, ки пайҳам ҷилд-ҷилд китоб интишор мекарданд. Муносибати устод бо онҳое, ки майли кори илмӣ доранд, аз дигарон фарқ дорад. Ин кас ҳамеша худро дар мавқеи аспирантону унвонҷӯён мебинанду эҳсос мекунанд. Қадршиносӣ як пояи устувори маънавияти устод аст: аз камтарин коре, ки ин ё он муаллим ба ҷо меорад, ташаккур мекунанд, ба қадри ҳар амали савоб мерасанд.
Дар қиёс бо дигарон устод кору вазифаи худро қарзи шаҳрвандӣ ва инсонии хеш мешуморанд. Дар ин маврид сухани Александр Дюма хеле бамавқеъ менамояд: «Иҷрои қарз пуразоб аст, вале иҷро накарданаш аз он ҳам пуразобтар».
Дигар ин ки устод нияти неки пешрафти илм ва ҷомеаву давлатро доранд, яъне некхоҳанд, ба ояндаи неки зиндагӣ эътимодашон қавист, рӯҳияи оптимистона доранд. Ин ҷо сухани Демокрит ба ёд меояд: «Одамони шарафманду бешараф аз он фаҳмида мешаванд, ки чиро мехоҳанд, на бо чӣ машғуланд».
Барои устод зиндагӣ ва эҷод ду мафҳуми тавъаманд. Зиндагӣ бе эҷод маъно надорад. Ҳамин нуктаро Ромен Роллан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё