Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Айнӣ сазовор шуд. Мавсуф дар баробари таҳқиқи таърихи матни асар ба таҳияи матнҳои илмӣ ва саҳеҳи асарҳо таваҷҷуҳ намуда, вазифаҳои назарӣ ва амалии матншиносиро ба ҳам пайванд додааст.
Ӯ дар баробари омода кардани матни илмию интиқодии қиссаи «Одина», инчунин матни илмии қиссаи «Марги судхӯр» ва мутуни саҳеҳи рисолаҳои «Қуддусия», «Маърифати нафс» ва «Дарвешия»-и Мир Сайид Алию Ҳамадониро низ ба табъ расонидааст. Ба муносибати 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ устод Кӯчарзода се рисолаи ин мутафаккирро ҳам бо хуруфи кириллӣ ва ҳам бо алифбои асл дар як китоб ба чоп омода намуд ва бо номи «Се рисола»-и Амир Сайид Алии Ҳамадонӣ» нашр кард.
Устод маҳорати баланди тарбиятгарӣ доранд, аммо на бо сахтгириҳое мисли Табаров, балки бо муҳаббат, бо кумаку дастгириҳои амалӣ, бо корҳои якҷоя, то андозае, ки ҳатто бархе асарҳои нодирро худашон барои шогирдон дастрас мекунанд. Зери роҳбарии ин кас даҳҳо нафар роҳи мустақили таҳқиқро пайдо кардаанд, аз қабили Рустам Ваҳҳобзода («Таҳаввули вазн ва хусусиятҳои оҳангу зарб дар назми муосири тоҷик»), Сироҷиддини Эмомӣ (аввал «Аз таърихи эҷоди романи «Восеъ»-и Сотим Улуғзода» ва баъдан рисолаи доктории «Таҷассуми бадеии таърих дар осори Сотим Улуғзода»), Наврӯз Қаландаров («Аз таърихи таҳаввули матни қиссаи устод Айнӣ «Марги судхӯр»), М. Исматуллоев («Поэтикаи насри бачагонаи Пӯлод Толис»), Султонихароҷӣ Паричеҳр Алимурод («Ҳаёт ва фаъолияти Жолаи Исфаҳонӣ»), А. Шафиев («Зиндагӣ ва ашъори Ашӯр Сафар»), У. Абдуллоева («Биллингвизми бадеӣ дар эҷодиёти Садриддин Айнӣ»), Д. Муҳиддинова («Поэтикаи ғазалиёти Муҳаммадҳусайни Хоҷӣ») ва дигарон...
Устод аз ҷараёни адабии муосир ҳамеша огоҳ ва дар рушди он саҳйманд. Эҷоди адибони зиёде, аз қабили Қутбӣ Киром, Ашӯр Сафар, Алимуҳаммад Муродӣ, Ширин Бунёд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё