Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
бадеӣ аз тарҳу қайдҳои хом, сиёҳнавису тозанавис то ҷузъитарин тағйироту дигаргуниҳое, ки дар дастхату матнҳои чопӣ мувофиқи салоҳдиди нависанда ва ғайри ихтиёри ӯ рух додаанд, ба таҳқиқ гирифта мешаванд ва қонунмандӣ, хусусиятҳои эстетикиву услубии асар, инчунин давраҳои фаъолияти эҷодкор ошкор гардида, бисёр баҳсҳои суханшиносӣ оид ба мавқеи иҷтимоӣ ва моҳияти таърихии адабиёти бадеӣ ҳал мегардад.
Дар адабиётшиносии тоҷик нахустин таҳқиқоти мукаммали матншиносии адабиёти давраи нав ба қалами Аламхон Кӯҷарзода тааллуқ дорад, ки он таҳти унвони «Тадқиқоти текстологии «Одина»-и Садриддин Айний» соли 1982 ба табъ расидааст. Муҳаққиқ тағйироти дар мундариҷаву банду баст, образҳо, порчаҳои шеърӣ, забон ва воситаҳои тасвири бадеии матнҳои чопи соли 1924-25, 1927, 1931, 1935, 1938, 1948 ва 1958-и қиссаро таҳқиқ намуда, масъалаи чопи интиқодии онро ба миён мегузорад ва баъдтар, вақте ки дастхати «Одина» дастрас мешавад, матни илмии асарро соли 1992 ба хонандаи мутахассис пешниҳод мекунад.
Фаъолияти муҳаққиқии А. Кӯҷарзода махсусан дар се даҳсолаи ахир густариш ёфт. Дар ин муддат беш аз 100 номгӯй таълифоти ӯ доир ба муаммоҳои гуногуни матншиносӣ ба табъ расиданд. Махсусан китобҳои «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик», «Нақди матни осори Садриддин Айний», «Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии насри Садриддин Айний», китоби дарсии «Матншиносӣ» бо масъалагузорӣ, таҳлилу натиҷагириҳои судманди илмӣ аз ҷумлаи осори бунёдии муаллиф дар ин соҳаи илм маҳсуб меёбанд.
Дар китоби «Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии насри Садриддин Айний» қиссаву романҳои «Одина», «Дохунда», «Марги судхӯр» ва «Ғуломон» мавриди матншиносӣ қарор гирифта, аз ин дидгоҳ моҳияти ғоявию бадеӣ ва услубии эҷодиёти нависанда ошкор шудааст. Барои ин рисола муаллиф соли 2003 ба Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё